Шарҳи мухтасар оид ба тағйирёбии нархҳо дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ
Тайи чанд рӯзи охир дар сомонаҳои интернетии ҷумҳурӣ якчанд хабару гузоришҳо оид ба болоравии зиёди нархҳои маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ба нашр расиданд, ки агар бо истифода аз усули муқоисавӣ ва ҳатто аз рӯи инсоф онҳоро баҳогузорӣ кунем, муҳтавояшон аз воқеияти рӯз ва вазъи феълии нархҳои мавҷуда тафовути куллӣ доранд.
Дар робита ба гуфтаҳои боло, рӯ меорем ба факту рақамҳои воқеӣ ва расмие, ки дар асоси нишондиҳандаҳои оморӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Тибқи маълумотҳои омори расмӣ сатҳи таваррум дар соли 2015 нисбат ба соли пешин тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб шуда, ба 5,1 фоиз баробар шуд. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 4,3 фоиз, ғайриозуқа 7,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,3 фоиз ба амал омад.
Барои маълумот махсус қайд менамоем, ки кам ё паст шудани сатҳи таваррум яке аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва мусоидаткунанда барои таҳкимёбии фазои макроиқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳои анҷомдодашуда исбот намуданд, ки нишондиҳандаи мазкур асосан дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ва то андозае боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ дар шароити маҳдуд будани сатҳи талаботи дохилӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо нигоҳ дошта шуд. Дастоварди боло ё фаровонию арзонии маҳсулот дар натиҷаи ба маротиб афзоиш ёфтани истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, мевагӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, ангишт, семент, хишти пухта ва дигар молҳои ниёзи мардум ба даст омад.
Дар аввалин моҳи соли 2016 тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодие, ки вобаста ба вазъи идомаёбандаи берунӣ-иқтисодӣ, яъне таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо мушоҳида мешавад, то андозае ба болоравии нархҳои баъзе аз маҳсулоти бар ивази асъори хориҷӣ берун аз кишвар воридшаванда таъсир расониданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар айни замон, тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад. Ин тағйирёбиҳо асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад.
Тибқи нақшаи тасдиқшуда, бақайдгирӣ ва баҳодиҳии нархи маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар бозорҳои калонтарини минтақаҳои кишвар ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Таҳлилҳо ба санаи 5 феврали соли ҷорӣ нишон доданд, ки нархи миёнаи молу маҳсулоти воридотӣ назар ба нарху навои онҳо дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил пасттар аст.
Ҳамзамон, дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархҳои миёнаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, сабзӣ, тухм, шир, моҳӣ, нон, макарон, картошка, себ, семент ва хишт тамоили пастравӣ ё муътадили тағйирёбӣ дошт.
Боиси таассуф аст, ки бархе аз намояндагони васоити ахбори омма рӯзҳои охир бе таҳлили амиқ ва муқоисаи рақаму нишондиҳандаҳо хабарҳоеро оид ба тағйирёбии нархҳои бозорҳои кишвар ба нашр расонида истодаанд, ки ба авзои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад. Зеро, дар шароити феълии буҳронӣ сару садоҳои беасос боиси ба эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон ва афзоиши омилҳои интизорӣ гардида, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад.
Дар ин робита, аҳли эҷодро ба таъмини оромию таҳаммул, ки барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор муҳим мебошад, даъват менамоем. Зеро, дар назар аст, ки шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон оҳиста-оҳиста коҳиш ёфта, бо андешидани чораҳои зарурӣ вазъ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд.
Қайд намудан зарур аст, ки соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ ва кишоварзӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлат қарор дошта, Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути қабул ва татбиқи барномаҳои мухталифи соҳавӣ бо мақсади пурра таъмин кардани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва нигоҳдории муътадилии нархи маҳсулотҳо тамоми имкониятҳои худро равона намуда истодааст.
Дар баробари ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои ниёзи мардум ва воридивазкунанда ва бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои ватанӣ барои афзун намудани ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат ва бо фоизи нисбатан пасттар ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ сари вақт пешниҳод кардани маблағҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Барои мисол, дар соли 2015 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ зиёда аз 7,5 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудаанд, ки нисбат ба соли 2014-ум 32,9 фоиз зиёд мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул, инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо, бахусус ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор чораҳои зарурӣ меандешад.
Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо буда, дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор барои таъмини иҷрои ин вазифа, нигоҳдории вазъи муътадили макроиқтисодию молиявӣ, рушди воқеии иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардуми кишвар тамоми имкониятҳои худро равона месозад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, имрӯз хеле хуб мебуд, агар дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу нозуки авзои молиявию иқтисодӣ, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад, мо, ҳамагон, шаҳрвандони гиромӣ ва аз ҷумла, рӯзноманигорони асил бо масъулияти баланди касбию шаҳрвандӣ ба вазъи феълӣ муносибат намуда, диққати худ ва ҷомеаро бештар ба унсурҳои ба маротиб ҷиддитар, аз қабили ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тавлиди маҳсулот дар кишвар, эҳтироми пули миллӣ ва истифодаи дигар фишангҳоеро, ки барои ба даст овардани ин мақсадҳо мусоидат менамоянд, равона созем.
Хадамоти матбуоти
БМТ