Имрӯз, 25 июли соли равон, дар Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони Воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷи кишвар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2016, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғози нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии буҳрони ҷаҳонӣ сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи зарурии нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намудааст. Инчунин қайд карда шуд, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ мусбат арзёбӣ мегарданд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)
Бино ба маълумотҳои оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба 21 979,3 млн. сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 6,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби афзоиш дар бахшҳои сохтмон 18,9 фоиз, саноат 12,1, кишоварзӣ 9,9 фоиз ва гардиши савдои чакана 3,4 фоиз ба даст омадааст. Дар ин давра воридоти мол ба ҷумҳурӣ 4,8 фоиз кам ва содироти он 4,4 фоиз зиёд шудааст.
Таваррум
Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи таваррум 3,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи асосии тағйирёбии сатҳи нархҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба амал омада, 1,4 фоизро ташкил намуд, ки асосан аз ҳисоби таъсири фишорҳои қурбӣ ва омилҳои мавсимӣ ба вуҷуд омад. Нишондиҳандаи солонаи меъёри таваррум (дар 12 моҳи охир) дар моҳи июн 5,5 фоизи солонаро ташкил дод, ки ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.
Қурби пули миллӣ
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд, ки қурби мубодилавии сомонӣ бо андешидани чораҳои таъсиррасон ҷиҳати таъмини вазъи муътадили бозори дохилии асъор дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ устувор гардид, ки ин ба раванди муътадили тағйирёбии сатҳи нархҳо заминаи мусоид гузошт.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали сол то 30 июни соли ҷорӣ 10,7 фоиз коҳиш ёфт, ки 10,4 фоизи он ба моҳи январ 0,3 фоиз ба моҳи феврал рост меояд. Дар чор моҳи боқимонда қурб тағйир наёфтааст.
Қурби доллари нақди ИМА дар ин давра 4,1 фоиз баланд шуд, дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли қаблӣ он 13,6 фоиз афзоиш дошт. Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби доллари нақди ИМА аз 17,5 фоиз (22.01.2016) то ба 0,3 фоиз (30.06.2016) кам карда шуд ва минбаъд дар ҳудуди то ду фоиз ба танзим дароварда мешавад.
Сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари низоми бонкии кишвар вобаста ба вазъи иқтисодию молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро амалӣ намуда, баҳри нигоҳдории сатҳи зарурии ҳаҷми пул дар муомилот, муътадилии сатҳи таваррум ва маҳдуд намудани тағйирёбиҳои бемайлони қурбӣ тамоми кушишҳоро ба харҷ медиҳад.
Аз ҷумла, Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки бо мақсади танзими ҳаҷми пул ва коҳиш додани хавфҳои таваррумию қурбӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 48 музоядаи коғазҳои қиматнок дар ҳаҷми 1,7 млрд. сомонӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1,4 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, дар ин давра меъёри бозтамвил аз 8,0 фоиз ба 9,0 фоизи солона тағйир дода шуд.
Илова бар ин, 4 музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 159,6 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,8 млн.сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра бо мақсади ба эътидол овардани вазъи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ нисбат ба доллари нақди ИМА маҷмӯи чораҳои сиёсати пулию қарзӣ ва маъмурию назоратӣ андешида шуд. Аз ҷумла:
- низоми нави мутамарказ ва идорашавандаи анҷомдиҳии амалиёти хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ҷорӣ гашт;
- тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ баста шуда, амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори нақди хориҷӣ дар хазинаҳои нуқтаҳои интиқоли пул, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораи ташкилоти қарзӣ гузаронида шуда истодаанд;
- фаъолияти низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор, дар асоси платформаи кории Ширкати “Томсон Ройтерс” густаришу таҳким ёфта, тамоми амалиётҳои бонкии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ тавассути он гузаронида мешаванд;
- ҷиҳати танзими самаранокии бозори дохилии асъор, нигоҳдории устувории қурби пули миллӣ ва пешбурди сиёсати дедолларизатсия, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2016 тартиби нави пардохти рубли русии аз хориҷа ба номи шахсони воқеӣ интиқолшуда ва фурӯши минбаъдаи он дар бозори байнибонкӣ ҷорӣ карда шуд;
- таҷдиди назар кардани муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии танзиму назорати асъор ва тартиби анҷомдиҳии амалиётҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ идома дошта, бо мақсади пурзӯр кардани масъулият ва ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонуниии асъори хориҷӣ дар муомилоти дохилӣ (хариду фурӯши молу мавод бо асъори нақди хориҷӣ) ва хариду фурӯши ғайрирасмии асъори нақди хориҷӣ ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Низоми бонкӣ
Дар рафти нишаст гуфта шуд, ки фаъолияти низоми бонкии кишвар, пеш аз ҳама ба устувории вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ нигаронида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави кишвар 112 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк ва 94 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият дошта, дар муқоиса бо оғози соли ҷорӣ шумораи бонкҳо 1 адад зиёд ва ташкилотҳои маблағгузории хурд 12 адад кам гардид.
Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ дар нимсолаи якуми соли равон 19,6 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 фоиз афзоиш ёфтаанд. Уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 15,7 фоиз ва 2,7 фоиз зиёд шуда, ба 17,0 млрд. сомонӣ ва 2,6 млрд. сомонӣ баробар шуданд.
Пасандоз
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд, ки ба таърихи 30 июни соли ҷорӣ ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ 9,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,5 фоиз афзудааст. Ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 17,3 фоиз ва 31,2 фоиз афзуда, ҳиссаи онҳо мутаносибан 59,9 ва 40,1 фоизи бақияи умумии пасандозҳоро ташкил додааст.
Қарз
Ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо ба интиҳои давраи ҳисоботӣ 10,9 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 фоиз кам мебошад. Сарфи назар аз ин, пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат (зиёда аз як сол) раванди болоравӣ дорад. Бақияи чунин қарзҳо дар давраи ҳисоботӣ 57,4 фоизи ҳаҷми умумии бақияи қарзҳоро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Ҳиссаи бештари қарзҳои додашуда ба бахшҳои саноат 35,7 фоиз, савдои хориҷӣ 18,8 фоиз, сохтмон 6,3 фоиз, истеъмолот 11,4 фоиз, кишоварзӣ 11,8 фоиз, нақлиёт 7,7 фоиз, миёнаравии молиявӣ 2,0 фоиз, хизматрасонӣ 4,0 фоиз ва дигар соҳаҳо 2,3 фоиз рост меояд.
Шоистаи зикр аст, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар нимсолаи ҳисоботӣ додашуда, яъне 56,3 фоизи он ба соҳибкорони истеҳсолӣ рост меояд.
Низоми пардохт
Дар рафти нишаст зикр шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон зиёда аз 29,9 млн. пардохтҳо бо усулҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ ба маблағи умумии 181,2 млрд. сомонӣ анҷом дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми пардохтҳо 42,9 фоиз кам ва шумораи пардохтҳо 1,7 фоиз зиёд гаштааст.
Дар ин давра миқдори умумии кортҳои пардохти аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ба муомилот баровардашуда ба 1,56 млн. адад ва шумораи дорандагони кортҳои пардохт ба 1,54 млн. нафар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 26,7 фоиз ва 28,0 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои муштариён дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда ба санаи 1 июли соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоиз афзоиш ёфта, 3,0 млн. ададро ташкил намуд.
Фаъолияти муназзами Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” таъмин гардида, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ шумораи иштирокдорони низоми мазкур ба 16 ташкилоти қарзӣ расид. Аз ҷониби ин ташкилотҳои қарзӣ дар маҷмуъ то ин давра 1 101,9 ҳаз. адад кортҳои миллӣ бароварда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 45,1 фоиз зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки дар интиҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумораи банкоматҳо дар кишвар 779 ададро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 47 адад зиёд мебошад. Шумораи терминалҳои электронӣ бошад, дар ҳамин давраи ҳисоботӣ ба 2 295 адад расида, аз ин миқдор 618 ададро терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва 1 677 ададро терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ташкил медиҳанд.
Бозомӯзии кормандон
Дар нимсолаи якуми соли 2016 дар асоси Барномаи таълим ва такмили ихтисоси кормандон, бо назардошти вазифаҳои стратегӣ ва талаботи воқеии бонк дар марказҳои таълимии бонкҳои марказии давлатҳои аъзои АврОсиё, ИДМ ва курсҳои назди Бонки миллии Тоҷикистон 346 нафар мутахассис ба таълим фаро гирифта шуданд, ки аз ин шумора 34 нафарро кормандони роҳбарикунанда ва 312 нафарро мутахассисони сатҳи гуногун ташкил доданд.
Инчунин дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатҳо ва муносибатҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯлоб, Душанбе, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Ваҳдат ва Рӯдакӣ барои муаллимон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ семинар-машваратҳо дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ” гузаронида шуд.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ як қатор корҳо гузаронид. Аз ҷумла, тавре Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, дар ин давра аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба “Иди модарон” ба собиқадорон-нафақахӯрони меҳнат, инчунин ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда дар маҷмӯъ ба маблағи 7862 сомонӣ туҳфаҳо тақдим намуд. Илова бар ин, аз ҳисоби Кумитаи иттифоқи касабаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ду оилаи камбизоат ба маблағҳои 500 сомонӣ ва ба Шӯрои ҷумҳуриявии “Федератсияи миллии ҷиу – ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи ҳафт ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Чунин иқдом дар шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон низ дастгирӣ ёфта, аз ҷониби Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба Хонаи маъюбони шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Иди байналмилалии “Наврӯз” ба маблағи 2200 сомонӣ дастархони идона ороста шуд. Аз ҷониби Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм аз ҳисоби кормандони Шуъба ба қисми ҳарбии ноҳияи Рашт ба маблағи 1300 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ, бахшида ба Иди байналмилалии “Наврӯз” ва Иди саиди Фитр ба тарбиятгирандагони интернати наздимактабии ноҳияи Ҷиргатол, ки мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2014 №АП-159, онро Бонки миллии Тоҷикистон сарпарастӣ менамояд, ба маблағи 19000 (нуздаҳ ҳазор) сомонӣ кӯмаки молиявӣ ва моддӣ расонида шуд.
Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди ислоҳот дар низоми бонкӣ, вазъи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сатҳи таваррум, интиқоли маблағҳо, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, истифодаи кортҳои пардохтӣ, ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда ва сатҳи эътимоднокии мардум ба низоми бонкӣ посухҳои мукаммал ва мушаххас гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ