26 октябри соли ҷорӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт»-ро баъди баррасиву муҳокима қабул намуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низомҳои пардохт, ба танзим даровардани хизматрасониҳои пардохтӣ, мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ ва ҷиҳати иҷрои Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.
Шоистаи зикр аст, ки низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ буда, дар баробари татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро бо роҳи гузаронидани пардохтҳо таъмин кардан, барои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Қариб ҳар як амалиёти молиявӣ бо иҷро гардидани пардохтҳо ва истифода шудани низомҳои пардохт анҷом меёбанд. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки баробари рушди бозорҳои молиявӣ, зиёдшавии ҳаҷми пардохтҳо, амалиёт дар бозори асъор ва хариду фуруши коғазҳои қиматнок аҳамиятнокии низомҳои пардохт ва назорати хавфҳои бо онҳо вобастабуда рўз аз рўз меафзояд.
Дар шароити муосир пайдоиш ва татбиқи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ дар бозори хизматрасониҳои пардохт зарурати аз нав дида баромадани тартиби танзимро дар низоми пардохт ба вуҷуд овардааст.
Рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ зарурати афзоиши самаранокии гардиши маблағҳо ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар ҳаҷми умумии муомилоти пулӣ талаб намуда, мавҷудияти заминаи ҳуқуқӣ кафолати фаъолияти мунтазам ва боэътимоди низоми пардохт мебошад.
Барои рушди низоми пардохт таъмини заминаи ҳуқуқии навовариҳо, ки пайдоиши онҳо ба рушди технологӣ алоқаманд аст (маблағҳои электронӣ, интернет-пардохтҳо, пардохтҳои мобилӣ), инчунин, шартҳои умумии истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва коркарди электронии иттилооти пардохт аҳамияти ниҳоят калон дорад. Бинобар ин, ба ҳисоб гирифтани хусусияти технологӣ ва зикри он дар санадҳои қонунгузории соҳаи хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт аз ҳар ҷиҳат муҳим ва зарур мебошад.
Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» фаъолияти ташкилотҳо - таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохт, аз ҷумла ташкилотҳои интиқолдиҳандаи маблағҳои электронӣ, агентҳо ва субагентҳои бонкии пардохт, танзимгарони низомҳои пардохт, танзимгарони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохт, муайян намудани талабот барои ташкил ва фаъолияти низомҳои пардохт ва тартиби назорати низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, барои мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохт, беҳтар намудани фаъолияти низоми пардохт ва сифати хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.
Шуъбаи матбуоти
БМТ