Посух ба саволҳои хабарнигори радиои “Садои Душанбе” Сурайёи Шуҷоат

Бойгонии ахбор
08.11.2016

Посух ба саволҳои хабарнигори радиои “Садои Душанбе” Сурайёи Шуҷоат

Саволи 1. Ду сол пеш мардум дар ҳақиқат ба бонкҳо эътимод пайдо намуда буданд, вале миқдори ками пасандозҳо дар бонкҳо гузошта шуда буд. Имрӯз вазъ чӣ гуна аст? 

Посух: Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва таъмини рушди устувории он дар кишвар диққати хоса дода, ба беҳтар кардани сифати дороиҳо, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳо, зиёд намудани сармояи асосӣ, такмил додани усулҳои идоракунии корпоративӣ, назорати қатъӣ аз болои дороиҳо, уҳдадориҳо, сатҳи пардохтпазирӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии мардум ба бонкҳо тавсияҳо медиҳад. Дар баробари ин, фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ мунтазам дар маҷаллаи “Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ” инъикос мегардад. 

Солҳои охир бонкҳои ҷумҳурӣ фаъолияти хешро дар соҳаҳои гуногуни бонкдорӣ, аз ҷумла, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, амалиётҳои ҳозиразамонаи бонкӣ ба мисли амалиётҳои сейфӣ, ҳамлу нақл, ҳисоббаробаркунӣ бо кортҳои пластикӣ ва пардохтҳои электронӣ инкишоф дода истодаанд.

Новобаста аз мушкилиҳои ҷойдоштаи низоми бонкӣ, қайд кардан зарур аст, ки ба санаи 30 сентябри соли 2016 бақияи пасандозҳои низоми бонкӣ маблағи 9 668,6 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ ба андозаи 1 454,4 млн. сомонӣ ё 17,7 фоиз зиёд шудааст.

Саволи 2. Мақомоти Бонки миллӣ дар пайи душвориҳои молии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” ва мушкили пардохти маошу пасандозҳо ба муштариёни ин бонк ваъда дода буд, ки вазъият беҳтар мешавад. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бонки дигар «Агроинвестбонк» ҳамтақдири онҳо шуда истодааст. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Посух: Новобаста аз мушкилиҳои молиявию пардохтпазирии дар низоми бонкӣ ҷойдошта, маҳз фаъолияти зараровари дохилии худи бонкҳо сабаби асосии ҳолати қарордошта арзёбӣ мегардад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ барои бартараф кардани камбудиҳои низоми бонкӣ, ба роҳ мондани фаъолияти самараноки низоми бонкӣ, таъмини шафофияти фаъолияти бонкӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ва сохторҳои дахлдори ҳукуматӣ чораҳои дахлдор андешида истодааст.

Илова бар ин, қайд кардан лозим аст, ки тибқи Протоколи ҷаласаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми бонкии кишвар аз 8 сентябри соли 2016, №2к/44-22 ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи бонкҳои муаммодор Гурӯҳи кории байниидоравии салоҳиятнок таъсис дода шудааст. Аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравии салоҳиятнок то имрӯз, якчанд ҷаласаҳои корӣ гузаронида шуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти бонкҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда истодаанд, ки дар ояндаи наздик натиҷаи мусбат хоҳанд дод.

Саволи 3. Бархе аз шаҳрвандон як сол пеш аз бонкҳо бо доллар қарз гирифта, бо паст шудани қурби сомонӣ нисбати доллар дар супоридани қарзҳояшон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Оё БМТ барои онҳо ягон имтиёз метавонад пешниҳод кунад?

Посух: Бонки миллии Тоҷикистон бо дастури №07.03-335/306д аз 4-уми сентябри соли 2015 ташкилотҳои қарзиро ӯҳдадор кардааст, ки бо хоҳиши мизоҷон (шахсони воқеӣ) пардохти нақшавии маблағи фоиз ва қарзи асосии қарзҳои бо доллари ИМА гирифтаи онҳоро мутаносибан бо сомонӣ, бо қурби аз қурби хариди бозорӣ баланд набудаи доллари ИМА-и нақдӣ қабул намоянд.

Чораи мазкур дастгирии бевоситаи шаҳрвандон мебошад, зеро ба қарзгирандагон имкон медиҳад, ки қарзҳои бо доллари ИМА гирифтаашонро бо сомонӣ баргардонанд.

Саволи 4. Маблағҳои муҳоҷирон, рублҳои русӣ бо асъори миллӣ дода мешаванд. Ин тасмим то кадом андоза дуруст аст?

Посух: Шуруъ аз 2 феврали соли 2016 тамоми ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шудаанд, ки рубли русии интиқолшударо ба сомонӣ мубодила карда ба муштариён пешниҳод намоянд ва 50% маблағҳои интиқолии аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бо рубли русӣ ҷамъшуда ҳамарӯза ба бозори байнибонкӣ ба фуруш бароварда шавад. Ин амал имкон дод, ки то ҳадди зарурӣ бозори дохилии асъор бо доллари амрикоӣ таъмин гашта, дар навбати худ қурби пули миллӣ нисбати доллари амрикоӣ бетағйир нигоҳ дошта шавад. Ҳамзамон, то дараҷае сатҳи боварии мардум ба пули миллӣ - сомониро боло низ бурд.

Саволи 5. Ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкиро кӣ ҳимоя мекунад? Мардум баъд аз интизориҳои чандрўза маоши хешро дастрас мекунанд. Чаро?

Посух: БМТ ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки ҳамарӯза тамоми бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавҷудияти маблағ дар суратҳисоби муросилотиашон бо пули нақд таъмин гашта, ҳолати мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дорад. 

Дар робита ба норасоии пули нақд дар бархе аз банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ, ҳолатҳои рухдода хусусияти доимӣ надошта, вобаста ба нуқсонҳои техникӣ, таъмини банкоматҳо бо барқ, таваққуфи нақлиёт дар ҳамлу нақли маблағи нақд ва дигар сабабҳои узрнок ба амал меоянд, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда мешаванд.

Шоистаи зикр аст, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон воҳиди нави мустақил - Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ таъсис дода шудааст. Дар ҳолати пеш омадани мушкил ё ҷой доштани камбудиҳо ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ, шаҳрвандон метавонанд бо арзу шикоятҳои худ ба шуъбаи мазкур тариқи почтаи электронии “allomushtari@nbt.tj” ва ё ба рақами (44) 600-15-20 муроҷиат намоянд.

Саволи 6. Рушди бозори кортҳои пардохт ва ё ҷорӣ намудани низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад?

Посух: Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ташкилоти қарзӣ барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро ба роҳ монда, бо Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва бо дигар низомҳо ҳамкорӣ намуда истодаанд. Ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 миллиону 607 ҳазор корти пардохти бонкиро ба муомилот бароварданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ шумораи умумии терминалҳои электронии насбгардида дар кишвар ба 2 320 адад расид, ки аз ин миқдор 627 адад терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва 1 693 адад терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд мебошанд. Ҳаҷми амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ зиёда аз 5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз афзоиш ёфтааст.

Қайд намудан зарур аст, ки иҷрои қарори №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи андоз пурзӯр намудани назоратро вобаста ба насб кардани терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ талаб менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори мазкур бо ташкилотҳои қарзӣ мунтазам ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, раванди насб кардани терминалҳои электрониро аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ назорат менамояд.

Тибқи иттилои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида, айни замон, барои насб намудан дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ дар анборҳои ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1100 адад терминалҳои электронӣ (ПОС-терминал) омода мебошад. Аммо бо сабаби набудани дархост аз тарафи муассисаҳои савдою хизматрасонӣ таҷҳизоти мазкур таҳти истифода қарор надоранд.

Шоистаи зикр аст, моҳи декабри соли 2015, бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва бартараф кардани амалиёти иловагии мубодилаи асъор ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International, Бонки миллии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкориро бо ширкати байналхалқии “Visa International Service Association” ба имзо расонид. Алҳол, тамоми амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии “Visa International” дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро гардида истодаанд. Бастани чунин созишнома бо низоми пардохтии Mastercard низ амалӣ шуда истодааст.

Саволи 7. Айни ҳол, бонкҳои кишвар чӣ қадар қарз ба мардум пешниҳод кардаанд ва чӣ қадар пасандозҳо дар бонкҳоянд?

Посух: Тибқи омори нишондиҳандаҳо ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба санаи 30 сентябри соли 2016 маблағи 10 558,8 млн. сомонӣ қарз ба муштариён пешниҳод намуданд.

8. Иқтисоди мо то андозае аз кишвари Русия вобастагӣ дорад, аммо дурнамои рушди иқтисоди ин кишвар то ду соли оянда на он қадар хуб аст. Ин ҳолат то чӣ андоза ба иқтисоди мо, бахусус ба сатҳи таваррум таъсир мерасонад?

Посух: Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, бахусус дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ, тӯли ду-се соли охир вобаста ба таконҳои берунӣ, аз ҷумла пастравии нархи нафт, лапишҳои қурбӣ ва номуътадилии бахши молиявӣ ҳукмфармо буд, асосан ба нишондиҳандаҳои устувории молиявӣ таъсири манфии худро расонид. Ҳолати мазкур дар афзудани фишорҳои асъорӣ ва хавфҳои қарзӣ зоҳир ёфта, ба вазъи низоми бонкӣ, имконияти қарзадокунии муштариён, зиёд шудани сатҳи қарзҳои барнагаштаю беэътимод дар баъзе бонкҳо ва саривақт аз ҷониби онҳо иҷро нагардидани уҳдадориҳо дар назди амонатгузорон гардида, дар натиҷа ба раванди фаъолияти қарздиҳии онҳо таъсир расонид.

Бо мақсади солимгардонии вазъи низоми бонкӣ аз ҷумлаи вазорату идораҳои дахлдор ва БМТ Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки нақшаи чорабиниҳои дар ин самт таҳия намудаи гурӯҳ, барои баромадан аз ин вазъ мусоидат хоҳад кард. 

Новобаста аз равандҳои глобалӣ, сатҳи таваррум дар давоми ду соли охир ба ҳисоби миёна дар доираи 6 фоизи солона муътадил нигоҳ дошта мешавад.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Возврат к списку