Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фараҳбахш буда, дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини мамлакат эҳсоси дӯст доштан ва арҷ гузоштан ба марзу буми муқаддаси Ватани аҷдодиро афзун менамояд.
Ба муносибати ин рӯзи фархунда имрӯз, 24 ноябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, саодати зиндагӣ ва фатҳи қуллаҳои нави меҳнатиро таманно намуд.
Сардори Идораи кормандони бонк Давлаҳмад Гадоев дар навбати худ аҳли толорро бо ин ҷашни хуҷаста таҳният гуфта, дар баробари таманниёти нек қайд кард, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол зери Парчами давлатии худ барои устувории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, пешрафти ҷамъият, сулҳу субот кору фаъолият доранд.
Сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти бонк, доктори илми филология, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Русия Мирзоҳасан Султонов ҷашни фархундаи Рӯзи Парчами миллиро ба аҳли толор табрик гуфта, аз ҷумла чунин изҳор кард: “Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст ва ҳафт сол мешавад, ки дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Бешубҳа Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат маҳсуб мешаванд.
Воқеан, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани маъракаҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва гузашта аз ин, дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хатти дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар ва бақову пойдории он, тоҷ ва ҳафт ситора нишонгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди миллат қарор бигирад.
Бо ин мақсад дар таърихи 12 октябри соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйирот ворид карда шуд, яъне ба қисми 2 моддаи 5-и ин қонун илова ворид гардид, ки мутобиқи он ба шаҳрвандон барои истифодаи Парчами миллӣ иҷозат дода шуд.
Ин иқдом ба шаҳрвандони мамлакат имкон медиҳад, ки бо ифтихору сарбаландӣ аз давлати миллии тоҷикон аз ин рамз истифода баранд. Муқаррарот ва меъёри мазкур мардумро ба худшиносии комил ва соҳибдавлатӣ фаро мехонад.
Азизон, мехоҳам таваҷҷуҳи Шуморо ба асли вожаи “парчам” ва таърихи мухтасари парчамдории тоҷикон дар паҳнаи саҳнаи таърих ҷалб намоям.
Калимаи «парчам», ки имрўз вирди забонҳост, аслан дар забони модарии мо вожаи бегона нест
Асли калимаи «парчам» аз ду вожа «пар» ба маънии бар, боло ва «чам» ба маънии хам, хамида, яъне «болои хамида», «аз боло хамида» иборат аст ва реша дар забони суғдӣ дорад, ки ин забон ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ шомил буда, дар ибтидо маркази ривоҷу равнақи он шаҳрҳои Самарқанду Бухоро буданд.
Қобили зикр аст, ки ҳамин забони суғдӣ дар асрҳои аввали милодӣ тадриҷан ба сифати забони байналмилалии Осиёи Марказӣ расмият пайдо кард ва то Туркистони Чину Муғулистон нуфузу эътибор пайдо намуд. Ногуфта намонад, ки забони суғдӣ бар асари турктози айём аз байн рафт ва танҳо лаҳҷае аз ин забон дар дараи Яғноби кишвари маҳбуби мо то имрӯз бар ҷой мондааст.
Эҳтимол меравад, ки калимаи «парчам» мустақиман аз забони суғдӣ ё ғайримустақим, тавассути забонҳои баъдии муғулию туркӣ ба забони модарии мо ворид шудааст. Зеро, дар оғоз агар суғдиён ресмони пӯпакдори абрешимии ба сари найза басташударо «парчам» мегуфтанд, пас қабилаҳои биёбонгарди турку муғул, ки аз коркарди абрешим бебаҳра буданд, ба сари найза мӯй, думи гов ё думи ғажгов (ќутос) мебастанд ва ҳамонро «парчам» мегуфтанд.
Дар асрҳои баъдӣ парчам тағйири шакл намуд ва пӯст ё матои ба найза ё чӯбдаст басташударо ифода мекард.
Метавон гуфт, ки парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод.
Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.
Ногуфта намонад, ки ниёкони мо ба маънии имрўзии “парчам” бештар аз калимаи дирафш ё Дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд.
Дирафши ковиёнӣ парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз рӯзгори подшоҳии Пешдодиён то Сосониён буд.
Бештари муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне Дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост.
Ба пиндори бархе муҳаққиқон сифати ковиёнӣ ба номи Коваи оҳангар мансуб набуда, балки ба калимаи ковӣ, яъне шоҳ алоқамандӣ дорад. Дар ин сурат Дирафши ковиёнӣ парчами шоҳӣ маҳсуб мешавад, ки ба ливои (штандарти) имрӯзаи президентӣ қаробат дорад.
Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 уми моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла Дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.
Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни рангаш сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои сурху сабз аст.
Дар рӯйи рахи сафед дар мобайни пачам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст, ки намояи нахустин хусравони соҳибтоҷ будани тоҷикон аст.
Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати куҳанбунёд, вале тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Шуъбаи мутбуоти
БМТ