Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – Кумита), ки санаи 20 марти соли 2017 баргузор гардид, бо дарназардошти таҳлили вазъи иқтисоди берунӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди таваррум, дурнамо ва таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва нигоҳдории таваррум дар сатҳи муътадил,масъалаҳои марбут ба сиёсати пулию қарзӣмавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар моҳҳои январ-феврали соли 2017сатҳи таваррум 1,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 0,2 банди фоизӣ (б.ф.) паст мебошад. Раванди тағйирёбии сатҳи таваррум, ки бештар дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба мушоҳида расид (1,1 фоиз), асосан аз ҳисоби таъсири омилҳои мавсимӣ, болоравии нархи маҳсулоти алоҳидаи воридотӣ ва хизматрасонӣ ба вуқӯъ омад.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то санаи 28 феврали соли ҷорӣ 1,4 фоиз коҳиш ёфт, ки аз он 0,3 фоиз ба моҳи январ ва 1,1 фоиз ба моҳи феврал рост меояд (дар ҳамин давраи соли 2016 – 10,7 фоиз коҳиш ёфта буд).
Дар моҳҳои январ-феврали соли 2017 раванди болоравии пешниҳоди пул мушоҳида шуда, ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 28 феврали соли 2017 маблағи 11,1 млрд. сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 8,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба андозаи 54,5 фоиз ва 59,9 фоиз зиёд мебошад.
Новобаста ба раванди муътадили нишондиҳандаи ҳадафи ниҳоии сиёсати пулию қарзӣ - сатҳи таваррум, дар иқтисодиёт хавфҳои қурбию монетарӣ вобаста ба таъсири омилҳои берунию дохилӣ зиёд гардиданд, ки ин эҳтимол дорад ба устувории молиявӣ ва тағйирёбии сатҳи нархҳои дохилӣ таъсир расонад.
Тибқи маълумотҳо дар ибтидои соли ҷорӣ намояи нархҳои хӯроквории ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёнасолона 10,1 фоиз ва болоравии нархи маҳсулоти сӯзишворӣ (1 баррели нафт) то 55,0 долларро ташкил медиҳад, ки ин тамоил бевосита дар сатҳи таваррум таҷассум хоҳад ёфт.
Маврид ба қайд аст, ки вобаста ба вазъи идомаёбандаи номуайяниҳо дар иқтисоди берунию дохилӣ ва ҷаҳиши якбораи қурби нақди асъор дар бозори дохилӣ дар моҳи март эҳтимоли ба миён омадани фишорҳои минбаъда зиёд мебошад. Бо дарназардошти мавҷуд будани ҳиссаи зиёди молҳои воридотӣ дар сабади истеъмолӣ (зиёда аз 60 фоиз), шокҳои қурбию монетарӣ ба муътадилии сатҳи нархҳо таъсири манфӣ расонида истодааст. Айни ҳол, таъсири мавҷи навбатии омилҳои дохилию берунӣ,аз қабили афзоиши ҳаҷми пули нақд, омилҳои равонию мавсимӣ, афзоиши талабот ба асъори хориҷӣ вобаста ба татбиқи иншоотҳои бузург,амалиёти ҳаннотӣ ва фаъолияти ғайрирасмии хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ба раванди беътидоли он оварда расонида истодааст.
Дар баробари ин, дар натиҷаи амалӣ намудани сиёсати пулии нисбатан қатъии Низоми Захиравии Федералии ИМА, яъне 0,25 б.ф.баланд бардоштани меъёри фоизии он (аз 16март соли 2017) то андозае лаппишҳои қурбӣ ба вуҷуд омада, эҳтимолияти боз ҳам зиёд гардидани меъёри фоизи мазкур метавонад дар давоми сол ба қурби пули миллӣ ва болоравии нархҳои истеъмолӣ фишор оварад.
Инчунин, дар доираи сиёсати дастгирии низоми бонкӣ татбиқи механизми мусоидаткунанда ва сармоякунонии бонкҳои муаммодор ба афзоиши аз эътидол зиёди нишондиҳандаҳои монетарию пулӣ таъсир расонида, хавфҳои қурбию таваррумиро дар иқтисодиёт ба вуҷуд оварда истодааст. Зеро, қисми назарраси маблағҳои мазкур ба асъори хориҷӣ мубодила ёфта, номутаносубии талаботу таклифот ва интизориҳои манфии таваррумиро ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ эҳтимолан зиёд менамояд.
Вобаста ба ин, ҷиҳати коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии раванди болоравии таваррум, пешгирӣ намудани беқурбшавии пули миллӣ, паст намудани сатҳи долларикунонӣ дар иқтисодиёт ва муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ,Кумита чунин қарор кард:
- зиёд кардани меъёри бозтамвил ба андозаи 3,5 банди фоизӣ ва муқаррар намудани он дар сатҳи 16,0 фоизи солона;
- баланд бардоштани меъёри фоизи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ ба андозаи 1,5 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,0 банди фоизӣ ва муқаррар намудани онҳо мутаносибан дар сатҳи 3,0 фоизи солона ва 9,0 фоизи солона;
- муқаррар намудани меъёри фоизи ибтидоии амалиёти музоядаҳои қарзӣ дар сатҳи меъёри бозтавил;
- муқаррар намудани меъёри фоизи амалиёти қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) дар сатҳи меъёри бозтамвил ҷамъ 2,0 банди фоизӣ;
- ҷиҳати кам кардани таъсири манфии ҳаҷми пули нақд дар муомилот ба роҳ мондани барориши коғазҳои қиматноки 6-моҳа бо фоизи меъёри бозтамвил ҷамъи 2,0 банди фоизӣ.
Ҳамзамон, бо қарори мазкур ҷиҳати таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи воқеии бозори байнибонкии қарзӣ, муайян намудани таносуби талаботу пешниҳоди пули миллӣ, ҳаҷм ва сохтори амалиётҳо, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар бозори байнибонкӣ анҷом дода мешаванд, ҳисоби меъёри фоизи миёнавазни индикативии байнибонкӣ (“Benchmark Rate”) ба роҳ монда, муқаррар гардид.
Чораҳои мазкур тамоили хавфҳоро коҳиш дода, барои нигоҳдории сатҳи муътадили таваррум дар иқтисодиётдар доираи нишондиҳандаи пешбинишудаи 7,0фоизи солона, маҳдуд сохтани таъсири омилҳои манфии монетарӣ ба қобилияти харидории пули миллӣ, таъмини мувозинатии талаботу таклифот дар бозори асъор, танзими ҳаҷми пардохтпазирӣ ва кам намудани сатҳи долларикунонӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон дар даҳаи дуюми моҳи майи соли ҷорӣ баргузор шуда, қарори навбатӣ оид ба тағйиротҳотавассути сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон эълон хоҳад гардид.
Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд