1. Вазъи қурби пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ва рубли русӣ; Омилҳои ба ин раванд таъсиррасонанда;
2. Тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ;
Сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2017, чун солҳои қаблӣ, ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асос ёфта, тибқи он қурб дар асоси талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар карда шуда, Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар ҳолатҳои ба таври ғайричашмдошт тағйир ёфтани қурб ва таъсири он ба вазъи бозор дахолат менамояд.
Раванди тағйирёбии қурби сомонӣ дар ин давра дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 бо коҳишёбии давомноки моҳ ба моҳи нисбатан муътадили қурби расмӣ ва пастшавии аз эътидол берун ва босуръати қурби нақдӣ фарқ мекунад.
Чунончи, қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 6,6 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2016 бошад, 10,8 фоиз) коҳиш ёфта, қурби бозории доллари ИМА-и нақд бошад, 13,6 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2016 - 5,7 фоиз) баланд шудааст.
Ҳамин хусусияти хос ба зиёд шудани фарқияти байни қурби расмӣ ва нақдӣ дар ҳаҷми 2 фоиз мусоидат карда, барои якбора афзоиш ёфтани талабот ба доллари ИМА ва пеш аз ҳама ба нақдинаи он сабаб шудааст.
Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории доллари ИМА-и нақд аз 0,6 фоиз дар аввали сол то ба 7,2 фоиз дар санаи 10.04.с.2017 зиёд шудааст.
Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд зери таъсири омилҳои равонӣ ва ҳаннотӣ як ҳолати ногувори воҳимаю таҳлука ба миён омада, аҳолӣ ба таври оммавӣ фурӯши асъори нақдро аз ташкилотҳои қарзӣ талаб карда истодаанд.
Ҳолати мазкур ва таъсири дигар омилҳои монетарию мавсимӣ талабот ба доллари ИМА-и нақдро яку якбора ба маротиб зиёд карда, ба мунтазам баланд шудани қурби фурӯши он ва фаъол шудани бозори ғайрирасмӣ, сабаб гаштааст.
Бениҳоят зиёдшавии талабот ба асъори хориҷӣ ва камшавии пешниҳоди он дар бозори дохилӣ яке аз омилҳои асосии пастравии қурби пули миллӣ нисбати доллари ИМА мебошад.
Омилҳои зиёдшавии талабот ба доллари ИМА инҳоянд:
- зарурияти мавсимии азнавбарқароркунии захираҳои молҳои воридотӣ, бахусус, тухмӣ, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ. Талаботи ҳаррӯзаи субъектҳои хоҷагидорӣ – муштариёни ташкилотҳои қарзӣ ба асъори хориҷӣ;
- зиёд шудани талаботи ташкилотҳои қарзӣ ба доллари ИМА-и нақд барои бозпас гардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ;
- афзоиши ҳаҷми умумии маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ барои таъмини уҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории барномаҳои муҳими давлатӣ зарурбуда;
- омили равонӣ ва ҳаннотӣ вобаста ба аз нав ҷоннок шудани фаъолияти ғайрирасмии шахсони воқеии алоҳида дар бозори хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ва паҳн кардани овозаю воҳимаҳои бардурӯғ.
Омилҳои камшавии пешниҳоди доллари ИМА инҳоянд:
- дар маҷмӯъ, камшавии вуруди асъори хориҷӣ дар ин давра нисбат ба моҳи декабри соли 2016;
- ба таври назаррас кам шудани ҳиссаи доллари ИМА дар ҳаҷми умумии маблағҳои пулии бо асъори хориҷӣ аз тамоми манбаъҳо ба ҷумҳурӣ воридшаванда;
- ба маротиб кам шудани пешниҳоди доллари ИМА-и нақд барои фурӯш, ба амонату пасандоз гузоштан ва бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба хориҷа интиқол додан аз ҷониби шахсони воқеӣ.
Бо мақсади кам кардани таъсири ин омилҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- меъёри фоизи қарзи бозтамвил аз 11,0 фоиз то ба 16,0 фоиз баланд бардошта шуд;
-бо мақсади кам кардани таъсири ҳаҷми пули дар муомилотбуда, фурӯши сертификатҳои пулии Бонки миллии Тоҷикистон ва асъори хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ба роҳ монда шудааст;
- зиёд намудани ҳаҷми барориши коғазҳои қиматнок;
- ҳамарӯза ба фурӯш баровардани асъори ғайринақдӣ ба ташкилотҳои қарзӣ;
- фаъолияти муассисаҳои ташкилотҳои қарзие, ки ба анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ ва интиқолӣ машғуланд, аз ҷониби гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он ҳамарӯза зери назорат қарор дошта, нисбати ҳар як ҳодисаи риоя нашудани тартиби анҷомдиҳии ин амалиётҳо чораҳои фаврии таъсиррасонӣ андешида мешаванд;
- аз ҷониби гурӯҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон шахсият ва макони нафароне, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, муайян карда шуда, маводҳо ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар минтақаҳо барои чораҷӯӣ пешниҳод карда мешаванд.
- ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо оид ба 208 нафар шахсони воқеӣ маълумот пешниҳод карда шуда, аз ҷониби онҳо нисбати шахсони воқеӣ 159 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 49 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст;
ба ташкилотҳои қарзӣ оид ба ташкили кори муназзам ва босамари муассисаҳои бонкие, ки ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ машғуланд, бахусус, дар рӯзҳои истироҳату ид, таъмини онҳо бо пули нақди миллӣ ва асъори нақди хориҷӣ, кушодани марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавии шабонарӯзӣ дар марказҳои савдо ва меҳмонхонаҳо, дастур дода шудааст;
- бо мақсади пешгирии овозаҳо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза оид ба вазъи бозори дохилии асъор, қурби пули миллӣ ва чораҳои таъмини суботу устувории онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, бахусус, шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаи Бонки миллӣ, ба аҳолӣ иттилои саривақтӣ ва пурра пешниҳод менамояд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ