Меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 16 фоизи солона нигоҳ дошта шуд

Бойгонии ахбор
26.05.2017

Меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 16 фоизи солона нигоҳ дошта шуд

Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, бо дарназардошти таҳлили вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, дурнамои таваррум ва таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва нигоҳдории таваррум дар сатҳи муътадил, масъалаҳои марбут ба сиёсати пулию қарзиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум дар моҳи апрел аз ибтидои соли 2017 ба 4,4 фоиз баробар шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,9 б.ф зиёд мебошад. Сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) ба андозаи 2,8 б. ф. зиёд гардида, ба 8,1 фоиз расид. Таварруми солонаи ҳосилшуда аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 10,3 фоиз, молҳои ғайриозуқа 4,7 фоиз ва хизматрасонӣ 6,3 фоиз ба амал омад.

Омилҳои асосии ба ин раванд таъсиррасон аз коҳишёбии истеҳсол ва кам пешниҳод гардидани маҳсулоти асосии кишоварзӣ, омилҳои мавсимӣ ва қурбӣ иборат буданд. Инчунин бояд қайд намуд, ки афзоиши ҳаҷми пул дар натиҷаи тағйиротҳо дар бозори асъори хориҷӣ ва сармоякунонии бонкҳои муаммодор ҳамчун таъсири омили монетарӣ ба болоравии қурби асъори хориҷӣ ва фишорҳои қурбӣ ба таваррум мусоидат намуд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то санаи 30 апрели соли ҷорӣ 7,9 фоиз коҳиш ёфт, ки аз он 0,3 фоиз ба моҳи январ, 1,1 фоиз ба моҳи феврал, 3,1 фоиз ба моҳи март ва 3,4 фоиз ба моҳи апрел рост меояд (дар ҳамин давраи соли 2016 – 10,8 фоиз коҳиш ёфта буд).

Тибқи маълумотҳои омории пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 30 апрели соли 2017 маблағи 11,6 млрд. сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 8,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба андозаи 55,5 фоиз ва 52,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати идоракунии самараноки пардохтпазирӣ ва коҳиш додани хавфҳои қурбӣ, фишанги меъёри бозтамвил то 16,0 фоиз муқаррар карда шуд. Бо ин мақсад бо дарназардошти ҳолати низоми молиявии кишвар 60 музоядаи коғазҳои қиматнок баргузор гардид, ки ҳаҷми фурӯши коғазҳои қиматнок 2 661,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 584,7 млн. сомонӣ ё худ 1,5 маротиба зиёд мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки меъёри фоизи бозтамвил маҳз барои таҳкими механизми амалиёт дар бозори озод, ҷоннок намудани фишангҳои фоизии он, ҳавасмандӣ ва ҷалби иштирокчиёни музояда бо роҳи наздик гардидани фоизи воқеии даромаднокӣ ба бозор ва аз тарафи дигар барои идоракунии босамари сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ ва татбиқи сиёсати пайгиронаи монетарӣ баланд бардошта шуда буд.

Ба ин васила, бо мақсади таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи воқеии бозори байнибонкии қарзӣ, муайян намудани таносуби талаботу пешниҳоди пули миллӣ, ҳаҷм ва сохтори амалиётҳо, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар бозори байнибонкӣ анҷом дода мешаванд, ҳисоби меъёри фоизи миёнавазни индикативии байнибонкӣ (“benchmark rate”) ба роҳ монда шуд. Тибқи маълумотҳои ҷамъшуда меъёри миёнаи фоизи қарзҳои кутоҳмуддати байнибонкӣ 18,0 фоиз ва дарозмуҳлат ба 22,0 фоиз баробар гардид.

Ҳамзамон, тағйир додани меъёри фоизи бозтамвил барои нигоҳдории сатҳи оптималии нишондиҳадаи амалиётии монетарӣ ва раванди нишондиҳандаҳои пулӣ дар ҳудудҳои нақшавӣ барои маҳдудсозии таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаи макроиқтисодӣ мусоидат намуд.

Тибқи таҳлилҳо интизорӣ меравад, ки дар семоҳаи дуюми соли равон вобаста ба омилҳои берунию дохилӣ хавфҳои таваррумӣ боқӣ монда, фишороварии нархи бархе аз маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус маҳсулоти асосии воридотӣ дар давраи кӯтоҳмуддат метавонад ба сатҳи таваррум таъсир расонад. 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бинобар таъсири сатҳи таварруми нисбатан баланди моҳҳои феврал ва апрели соли равон, ки бо сабаби пешниҳоди нокифояи сабзавот ва фишорҳои қурбӣ ба амал омад, эҳтимол аст, ки нишондиҳандаи сатҳи таваррум то интиҳои соли ҷорӣ дар атрофи 8,0 фоиз ҷамъбаст гардад. 

Аз ин лиҳоз, бо мақсади дар доираи ҳадаф нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва коҳиш додани хавфҳои таваррумӣ идомаи татбиқи сиёсати қатъии монетарӣ, танзиму идоракунии босамари пардохтпазирӣ, ҷиҳати зиёд намудани таъсирбахшии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, паст намудани хавфҳои қурбӣ ба таваррум, Кумита қарор қабул кард:

Меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 16,0 фоизи солона нигоҳ дошта шавад.

Ҷиҳати истифодаи фишанги нави монетарии амалиётҳои амонатҳои шабонарӯзӣ (овернайт) сар карда аз моҳи июни соли ҷорӣ бо меъёри фоизии баробар ба меъёри бозтамвил тарҳи 10,0 банди фоизӣ амалӣ карда шавад.

Бо мақсади таъмини пардохтпазирии кутоҳмуддат бо пули миллӣ, такмили фишангҳои пулию асъорӣ амалиёти СВОП-и кӯтоҳмуддати 7 рӯза ва 14 рӯза ба роҳ монда шавад.

Ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор шуда, қарори навбатӣ оид ба тағйиротҳо тавассути сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон эълон хоҳад гардид.

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд


Возврат к списку