Механизми фишангҳои сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон таҳким меёбад

Бойгонии ахбор
18.08.2017

Механизми фишангҳои сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон таҳким меёбад

Бонки миллии Тоҷикистон баҳри таъмини самаранокии идоракунии сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ), танзими ҳадафи амалиётии худ, идоракунии сатҳи пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ, фишангҳои амалиётии монетариро таҳким менамояд.

Аз ҷумла, Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади вусъат додани дараҷаи таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ ва ҷолибнок намудани шарту услуби анҷомдиҳии амалиётҳо, қарори навбатӣ оид ба таҷдид ва ҷорӣ кардани механизми нави музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистонро аз 1 сентябри соли 2017 ба тасвиб расонид.

Механизми мазкур тавассути муайян намудани меъёри фоизи коғазҳои қиматнок бо тарзи прогрессивӣ, яъне зиёдшавии меъёри фоизӣ мутаносибан бо зиёдшавии муҳлатнокии он ва пайваст намудани ин меъёрҳо дар ҳудуди меъёри бозтамвил, ки каҷхатаи даромаднокиро (yield curve) ташаккул медиҳад, амалӣ мегардад (ниг. Диаг.1).

Тибқи ин услуб, Бонки миллии Тоҷикистон меъёри фоизи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистонро пешакӣ ҳамчун мақоми муайянкунандаи нархи бозор муқаррар намуда, ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи ин меъёр дархостҳои худро барои хариди коғазҳои қиматнок ирсол менамоянд.

Дар баробари ин, ҷиҳати вусъат додани амалиётҳои монетарӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба пардохтпазирии кутоҳмуддат, ҳавасманд ва фаъол гардонидани ташкилотҳои қарзӣ дар музоядаҳои қарзӣ, минбаъд пардохти фоизҳои коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳамчун гарави қарз аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ истифодаи онҳо пурра ба роҳ монда мешавад.

Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ташкилотҳои қарзӣ, муввақатан ҷалб намудани пардохтпазирии кутоҳмуҳлат ва танзими ҳаҷми пул фишанги нави доимамалкунандаи монетарӣ - амалиёти амонатии шабонарӯзӣ (овернайт)-ро аз 1 сентябри соли 2017 бо меъёри фоизии баробар ба меъёри бозтамвил тарҳи 10 банди фоизӣ ҷорӣ менамояд. Дар доираи механизми фишанги мазкур ташкилотҳои қарзӣ тавассути гузаронидани амалиёти амонатии шабонарӯзӣ (овернайт) метавонанд маблағҳои озоди худро дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун пасандоз ба муҳлати як шабонарӯз нигоҳ доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини самаранокии сиёсати монетарӣ аз моҳи марти соли ҷорӣ тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ амалиётҳои кутоҳмуҳлати бозтамвил, аз қабили қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), қарзи рӯзона (интрадей) ва музоядаҳои қарзиро пешниҳод намудааст. Истифодаи фишангҳои амалиётии сиёсати монетарӣ ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медиҳад, ки дар мавриди норасоии пардохтӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон тариқи низоми электронии ”Thomson Reuters” дархост намуда, эҳтиёҷоти худро бо қарзҳои кутоҳмуҳлати наздик ба меъёри бозтамвил ва бо фоизҳои нисбат ба фоизҳои бозорӣ пасттар, қонеъ гардонанд.

Диаг.1. Каҷхатаи даромаднокии коғазҳои қиматноки БМТ

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд

Возврат к списку