ТАДБИРҲОИ АНДЕШИДАШУДА ДАР БАХШИ БОНКӢ

Бойгонии ахбор
31.10.2017

ТАДБИРҲОИ АНДЕШИДАШУДА ДАР БАХШИ БОНКӢ

Фаъолияти низоми бонкии кишвар тайи ду соли охир бо мақсади бартараф намудани таъсири омилҳои буҳронӣ, солимгардонии бахши бонкӣ ва дар сатҳи устувор таъмин намудани рушди иқтисодиёт ва низоми молиявии кишвар, аз ҷумла, баҳри вусъат додани дастрасӣ ва сифатнокии маҳсулот дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ, маблағгузории иқтисодиёт, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ва сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ равона гардид.

rais-1.JPG

Имрӯз дар ҷумҳурӣ 95 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 33 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 11 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва боварию эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ислоҳоти сохторӣ ва солимгардониро амалӣ намуда, барои таъмини устувории низоми бонкӣ ва ҷалби сармояи иловагӣ талаботи ҳадди ақали сармоя барои бонкҳои навтаъсис аз 50 млн. сомонӣ ба 80 млн. сомонӣ зиёд карда шуд.

Дар натиҷаи ислоҳоти гузариши низоми бонкӣ аз миқдор ба сифат, дар давоми як соли охир фаъолияти 2 бонк, 14 ташкилоти маблағгузории хурди ғайри қобили пардохт қатъ карда шуда, ба 1 бонк ва 1 фонди бозтамвил иҷозатнома барои фаъолияти бонкӣ дода шуд. Дар маҷмуъ, аз соли 2015 инҷониб, ташкилотҳои ба талабот ҷовобгӯнабуда 42 адад аз бозори бонкӣ хориҷ шуданд.

Бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва шафофияти он, батанзимдарории бонкҳои муаммодор (bank resolution) тибқи таҷрибаи байналмилалӣ ва бо дарназардошти пешниҳодҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” омода гардид.

Бо мақсади муайян намудани вазъи молиявии воқеии бонкҳои низомсоз бо ҷалби ширктаҳои аудитории мустақили байналмилалӣ баҳогузориҳои сифати дороиҳои (AQR) 5 бонки низомсоз гузаронида шуд. Дар натиҷаи баҳогузорӣ як қатор камбудиҳо ошкор гардид ва барои бартараф намудани ин камбудиҳо Нақшаи чорабиниҳо татбиқ шуда истодаанд.

Дар соли 2017 новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ва фишорҳои қурбию таваррумӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бо татбиқи сиёсати пайгирона ва шаффофи монетарӣ ҷиҳати танзими нишондиҳандаҳои пулӣ, ба эътидол овардани тағйирёбии қурби пули миллӣ ва нигоҳдории қобилияти харидории пули миллӣ чораҳои мушаххас андешид ва дар доираи ваколатҳои худ дар маҷмуъ ба сатҳи муътадили таваррум ноил гардид.

Ҷиҳати татбиқи босамари қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сармоякунонии бонкҳои мушкилотдор ва пешгирӣ намудани эҳтимолияти таъсири манфии он ба вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, БМТ Нақшаи кории дохилӣ “Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо”-ро тасдиқ намуд, ки тадбирҳои асосии он аз пешгирии фишорҳои таваррумию қурбӣ ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошаванда иборат буд.

Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи нишондиҳандаи муътадили якрақама нигоҳ доштани сатҳи таваррум ба ҳисоб меравад. Дар соли равон дар тағйирёбии сатҳи нархҳо таъсири омилҳои ғайримонетарӣ асосӣ буда, ба он бештар омили пешниҳодот, коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ ва омилҳои мавсимӣ таъсир расонид. Дар баробари ин, тағйирёбии қурби асъор дар аввали сол дар натиҷаи сармоякунонии бонкҳои муаммодор то андозае фишорҳои таваррумиро зиёд намуд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ, хавфҳои қурбӣ ва баланд бардоштани ҷолибнокии пули миллӣ сиёсати қатъии пулиро бо истифода аз фишангҳои монетарӣ, пеш аз ҳама меъёри бозтамвил амалӣ намуда, сатҳи онро то 16 фоизи солона зиёд намуд. Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини мувозинатии талаботу пешниҳодот дар бозори асъор, танзими ҳаҷми пардохтпазирӣ ва кам намудани сатҳи долларикунонӣ меъёри фоизи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ то 3 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ то 9 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Инчунин, дар нуҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок 133 музоядаи коғазҳои қиматнок баргузор карда шуда, ҳаҷми фурӯши коғазҳои қиматнок 6,0 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 млрд. сомонӣ ё худ 2,0 маротиба зиёд мебошад.

Дар натиҷаи андешидани сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, таъмини вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор ва дар баробари ин афзоиши ҷамъоварии ҳосили тирамоҳии сабзавот ва пешниҳоди он, сатҳи таварруми солона дар моҳи сентябр то 6,7 фоиз коҳиш ёфт. Таҳлилҳо ва арзёбӣ нишон медиҳанд, ки дар ҷамъбасти соли 2017 сатҳи таварруми солона дар доираи нишондиҳандаи якрақама ва мақсадноки 7,0 фоиз нигоҳ дошта мешавад.

Дар солҳои 2015 ва 2016 низ сатҳи таваррум мувофиқан 5,1 фоиз ва 6,1 фоизро ташкил дода, он дар маҷмуъ дар доираи нишондиҳандаҳои барои рушди иқтисодиёт мусоидаткунанда таъмин карда шуда буд. Шостаи зикр аст, ки тибқи мушоҳидаҳо болоравии сатҳи таваррум дар ин солҳо дар баъзе давлатҳои ҳамсоя намоён буда, он то ададҳои дурақама, яъне зиёда аз 10 фоизро ташкил медод.

Меъёри кифоятии сармоя, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявии низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, дар ин давра 21,4 фоизро ташкил намуда, аз меъёри муқарраршуда 9,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи пардохтпазирии низоми бонкӣ 78,3 фоизро ташкил намуд, ки аз меъёри муқаррарнамуда ба андозаи 48,3 банди фоизӣ зиёд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,1 банди фоизӣ aфзоиш ёфтааст, ки аз муътадил шудани сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.

Низоми бонки натиҷаи молиявиро дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар умум бо фоида ҷамъбаст намуд. Даромаднокии дороиҳои (ROA) ташкилотҳои қарзӣ дар санаи ҳисоботӣ нисбат ба охири соли 2016 аз минуси 3,02% то 0,18% ва нишондиҳандаи даромаднокии сармоя (ROE) аз минуси 11,64% то 0,66% афзоиш ёфтааст.

Вобаста ба татбиқи чораҳои солимгардонӣ нисбат ба бонкҳои мушкилотдор, аз моҳи декабри соли 2016 инҷониб ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол (зиёда аз 30 рӯз батаъхирафтода) тамоюли камшавӣ дошта, 41,9 фоизро ташкил намуд. Бояд зикр намуд, ки дар моҳҳои январ – сентябри соли 2017 ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9 б.ф. ва нисбат ба аввали соли ҷорӣ 5,1 б.ф. коҳиш ёфтааст.

Қобили қайд аст, ки новобаста аз зиёд шудани ҳаҷми умумии пасандозҳо дар низоми бонкӣ, ҳиссаи пасандозҳои асъорӣ тамоюли камшавӣ дошта, аз зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ гувоҳӣ медиҳад.

Яке аз тадбирҳои навбатии дар давраи буҳронӣ андешидашуда ин ташкил намудани Гуруҳи корӣ оид ба ислоҳоти низоми бонкӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти БМТ (Қарори Раёсати БМТ №152, аз 31.07.2015), баҳри беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ амал менамояд.

Тибқи тавсияҳои ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ (FSAP – Барномаи баҳодиҳии бахши молиявии ҶТ, моҳи феврали соли 2015), бо қабул гардидани сохтори нав (бо Қарори Раёсати БМТ №114 аз 25 июни с.2015) дар Дастгоҳи марказии БМТ Идораи суботи молиявӣ ва Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ таъсис дода шуданд, ки аз 01 сентябри соли 2015 фаъолияти худро оғоз намуданд.

Фаъолияти Идораи суботи молиявӣ дар самти ба роҳ мондани мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, таҳия ва амалигардонии сиёсати макропруденсиалӣ, баҳодиҳии сатҳи хавфҳо дар низоми молиявӣ ва андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати коҳиш додани онҳо равона гардидааст.

Дар доираи лоиҳаи Кӯмаки техникии Бонки ҷаҳонӣ дар назди Раёсати БМТ ҳамчун мақоми дохилии машваратӣ Кумитаи суботи молиявӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти он мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ва дар самти таъмини суботи низоми молиявӣ, татбиқи самарабахши сиёсати макропруденсиалӣ ва солим гардонидани фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ равона гардидааст.

Дар баробари ин, дар Бонки миллии Тоҷикистон аввалин Ҳисоботи семоҳа оид ба мониторинги бахши молиявӣ (соли 2016) ва дар давоми соли 2017 аввалин Ҳисоботи суботи молиявӣ барои соли 2016 таҳия гардиданд.

Дар ин давра лоиҳаи санади нав “Асосҳои сиёсати макропруденсиалии Бонки миллии Тоҷикистон” таҳия гардида, бо Қарори Раёсати БМТ (№95 аз 12.07.2016) тасдиқ карда шуд. Асосҳои сиёсати макропруденсиалӣ заминаи механизми амалӣ намудани сиёсати макропруденсиалӣ ва назорати макропруденсиалии низоми бонкиро, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани хавфҳои низом ва мусоидат ба нигоҳдории суботи молиявӣ анҷом дода мешавад, муайян менамояд.

Фаъолияти Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пеш аз ҳама барои расидан ба мақсади асосӣ – баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва васеъ намудани миёнаравии молиявӣ бо роҳи таъмини сатҳи зарурии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ равона гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2017 ба унвони Идора бештар аз 1904 адад муроҷиати шаҳрвандон тариқи хаттӣ, шифоҳӣ ва ба воситаи телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон ворид шуданд, ки нисбати ҳар яки он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, саривақт чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Бо мақсади тақвият бахшидани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани дараҷаи саводнокии молиявӣ, дар давоми соли 2016 дар якҷоягӣ бо гуруҳи БҶ лоиҳаи “Афзалиятҳои стратегӣ ва нақшаи фаъолият доир ба рушди механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” таҳия ва тасдиқ гардид.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди соҳаи назорати суғуртавӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти низоми суғуртавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ аз сохтори Вазорати молия ба Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуд. Фаъолияти Идораи мазкур дар давраи минбаъда ба рушди бозори молиявӣ ва зиёд гардидани сармоягузориҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади муътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор ва кам кардани фишорҳо ба қурб, дар ҳамин давра маҷмӯи чораю воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, аз он ҷумла дахолатҳои бевоситаи асъориро анҷом дод. Татбиқи чораҳои мазкур имконият дод, ки фарқияти назарраси дар байни қурбҳо мавҷудбуда, ба маротиб кам шуда, хариду фурӯши асъори нақд аз бозори ғайрирасмӣ ба бозори расмӣ баргардонида шавад. Дар баробари ин, баландшавии қурби нақдии доллари ИМА ва зиёдшавии фарқияти байни қурбҳои расмӣ ва мубодилавӣ боздошта шуд.

Қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то санаи 30 сентябри соли ҷорӣ ба андозаи 11,7 фоиз коҳиш ёфта, новобаста аз пешбиниҳои бархе аз иқтисодшиносон, ки то 15 сомонӣ боло рафтани қурбро баҳо медоданд, қурби пули миллӣ барои 1 доллари ИМА 8,8 сомониро ташкил дод.

Дар баробари ин, ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва захираҳои умумии хориҷӣ нисбат ба аввали сол мувофиқан 2,4 ва 2,2 маротиба афзуда, нишондиҳандаи устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ дар ин давра аз 2,6 то ба 5,6 моҳи воридотӣ расонида шуд, ки чунин нишондиҳанда дар таърихи Бонки миллӣ аз нишондиҳандаҳои беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку