Таваррум дар моҳи октябр ба сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок баробар гардид

Бойгонии ахбор
10.11.2017

Таваррум дар моҳи октябр ба сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок баробар гардид

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2017 сатҳи таваррум 0,4 фоизро ташкил дода, аз аввали сол ба 6,0 фоиз расид.

Нишондоди мазкури таваррум дар моҳи октябр ғайричашмдошт набуда, тавре интизор мерафт он асосан дар натиҷаи таъсири омилҳои ғайримонетарӣ, аз ҷумла болоравии мавсимии нархи маҳсулоти алоҳидаи хурокворӣ (помидор 1,8 маротиба, бодиринг 2,2 маротиба, тарбуз 49,9%, харбуза 17,9%, картошка 4,5%, тухм 3,4%) ва баланд бардоштани нархи хизматрасониҳои коммуналӣ (қувваи барқ 14,2%) ба вуқуъ пайваст. Ҳамзамон, дар моҳи октябр нархи карам 28,4%, сабзӣ 17,7%, лиму 6,5%, себ 5,3%, шакар 5,3%, гази моеъ 4,0% ва хизматрасонии нақлиёти ҳавопаймо 22,2% арзон шуд.

Дар натиҷа, таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи октябр ба 7,0 фоиз баробар гардида, тадриҷан ба сатҳи нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳадаф гирифтааст, наздик шуд (ниг. ба диаграмма).

Diagr3tj.jpg

Саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ дар сохтори таварруми солона аз ҳама зиёд - 4,7 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,1 банди фоизӣ ва хизматрасониҳо 1,2 банди фоизиро ташкил намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар моҳҳои охир дар натиҷаи ба мувозинат омадани унсурҳои талаботу таклифот муътадилгардии нархҳои баъзе аз маҳсулоти серистеъмоли хӯрокворӣ, ки чанде пеш вобаста ба коҳишёбии истеҳсолот ва пешниҳоди нисбатан ками он ба болоравии назарраси нархҳо боис гардида буд, мушоҳида мегардад.

Дар баробари ин, ба раванди мазкур сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор таъсири мусбатмерасонад.

Аз рӯи таҳлилҳо ва дурнамо интизор меравад, ки сатҳи таваррум дар соли 2017 ва давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7%) тағйир меёбад.

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзии шаффоф ва пайгиронаро амалӣ намуда истодааст, ки он тавассути истифодаи фишангҳои монетарӣ ва асъорӣ, пеш аз ҳама меъёри бозтамвил барои танзими ҳаҷм ва арзиши пул ҷиҳати бартараф намудани таъсири фишорҳо ба сатҳи нархҳо ва ба ин васила ноил гардидан ба ҳадафи мақсадноки таваррум равона мегардад.

Шуъбаи матбуоти БМТ 


Возврат к списку