СБҲМ 9 – модели нави ҳисобдорӣ барои воситаҳои молиявӣ

Бойгонии ахбор
29.12.2017

СБҲМ 9 – модели нави ҳисобдорӣ барои воситаҳои молиявӣ

28 декабри соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони ширкати аудитории “Эрнст энд Янг” (Покистон) Арслан Халид ва Омер Чугтай барои намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд рӯнамоӣ (презентатсия) дар мавзӯӣ “СБҲМ 9 – модели нави ҳисобдорӣ барои воситаҳои молиявӣ” пешниҳод гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, Лола Салимова ва роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ баргузор гардид.

A_1.JPG

Зимни муариффии рӯнамо (презентатсия) қайд гардид, ки солҳои охир дар таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ тағйиротҳои назаррас назаррас рух дод. Аз ҷумла, дар шароити буҳрони молиявии ҷаҳонӣ Стандартҳои байналмилалии ҳисоби молиявӣ - 39 (СБҲМ-39) бинобар ба муаммоҳои зиёд овардан дар хориҷ кардан ё ба фурӯш баровардани воситаҳои молиявӣ ба талаботи имрӯзаи ҳисобдорӣ ҷавобгӯ нест. Дар робита ба ин, таҷриба ва натиҷаҳои буҳрони молиявиро ба назар гирифта, Шӯро оид ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби молиявӣ (IASB) барои баҳисобгирии воситаҳои молиявӣ меъёри нави СБҲМ 9-ро таҳия намуд, ки дар назар аст, бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2018 тибқи ҳамин модел кор мебаранд.

A_2.JPG

Мутахассисони ширкати аудитории “Эрнст энд Янг” Арслан Халид ва Омер Чугтай ба намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд вобаста ба тафовути меъёри нав аз меъёри куҳна, усулҳои асосии таҳияи ҳисоботи молиявӣ оид ба воситаҳои молиявӣ, гурӯҳбандии дороиҳо, методҳои баҳогузории воситаҳои молиявӣ дар вақти эътироф ба санаҳои ҳисоботӣ ва тартиби баҳогузории беқурбшавии воситаҳои молиявӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

A_3.JPG

Зимни муҳокимаи мавзӯъ Роҳбарияти БМТ бори дигар таъкид намуд, ки истифодаи меъёри СБҲМ - 9 аз 1 январи соли 2018 ҳатмӣ гашта, намояндагони бонкҳо барои дар амал татбиқ намудани меъёрҳои СБҲМ - 9 дар ташкилотҳои худ бояд чораҳои зарурӣ андешанд. Дар сурати пеш омадани зарурат бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ҷиҳати татбиқи меъёри мазкур метавонанд ба ширкатҳои машваратӣ муроҷиат намоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку