Эълони ОЗМУН

Бойгонии ахбор
11.06.2018

Эълони ОЗМУН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи назорати суғуртавӣ

 I

сардори шуъбаи  иҷозатномадиҳӣ ва бақайдгирии ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;
  • донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаҳои бонкӣ ва суғуртавӣ;
  • маҳорати таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани Ms OfficeWord, Excell, Power Point, Adobe Acrobat ҳатмӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ;
  • доштани фарҳанги баланди муошират;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ ё соҳаи суғурта на кам аз 3 сол. 

II

мутахассиси пешбари шуъбаи назорати ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ;
  • донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи бонкӣ ва суғурта;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • донистани тарзи омода намудани таҳлилҳои оморӣ ва презентатсияҳо;
  • малакаи кор дар компютер, донистани Ms OfficeWord, Excell, Power Point  ҳатмӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
  • доштани фарҳанги баланди муошират;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ ё соҳаи суғурта на камтар аз 2 сол.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

 

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

·         ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон

·         Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 25.06 с.2018

Возврат к списку