Эълони ОЗМУН

Бойгонии ахбор
24.08.2018

Эълони ОЗМУН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд

I

Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳия ва татбиқи сиёсати пулӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ;
  • сатҳи кофии дониш дар соҳаи макроиқтисодиёт, назарияи иқтисодиёт ва моделсозӣ;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи ҳисоботҳо;
  • донистани забонҳои барномаҳои эконометрикии Exсel, Stata, Eviews ва Matlab;  
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

II

Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи тадқиқот ва моделсозӣ (1 ҷой) 

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, техникӣ-иқтисодӣ;
  • донистани забонҳои барномаҳои эконометрикии Exсel, Stata, Eviews ва Matlab;
  • доштани касбият дар соҳаи эконометрика, тадқиқотӣ ва моделсозӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
     

Идораи муносибатҳои байналмилалӣ 

III 

Мутахассиси дараҷаи II  шуъбаи  ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ;
  • донишу таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
  • доштани маълумоти кофӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ;
  • малакаи гузаронидани таҳлил аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ;
  • донистани забони давлатӣ, ва яке аз забонҳои хориҷии расмӣ ҳатмӣ мебошад;

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти олии касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН)

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 07.09 с.2018


Возврат к списку