Тафсири сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2018

Бойгонии ахбор
11.07.2018

Тафсири сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2018

Бонки миллии Тоҷикистон тибқи муқаррароти “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат” бо дарназардошти гузариш ба низоми “ҳадафгирии таваррум”, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” асосёфтаро, амалӣ карда истодааст.

Натиҷаҳои татбиқи ин сиёсат дар 6 моҳи охир бо рақамҳои зерин тавсиф меёбанд:
- қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 3,8 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 (коҳишёбӣ 11,8 фоиз) 8,0 фоиз камтар мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки андозаи коҳишёбии қурби расмӣ ба дурнамои қурби миёнасолонаи он дар соли 2018 мувофиқ буда, асосан дар моҳҳои апрел (0,9 фоиз), май (1,3 фоиз) ва июн (1,6 фоиз) ба вуҷуд омадааст.

Тағйирёбии қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА вазъи воқеъии имрӯзаи иқтисодиёт, фаъолияти расмии бозорҳои хариду фурӯши молу мавод ва асъори хориҷии ҷумҳуриро инъикос менамояд;

- қурби фурӯши доллари нақди ИМА бо сомонӣ дар бозори дохилии асъор 4,5 фоиз баланд шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 (баландшавӣ 11,7 фоиз) 7,2 фоиз пасттар аст.

Чунин баландшавии қурби фурӯши доллари нақди ИМА асосан дар моҳҳои апрел (1,9 фоиз), май (1,8 фоиз) ва июн (0,6 фоиз) ба вуҷуд омада, тағйирёбии вазъи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллиро зери таъсири омилу сабабҳои мавсимӣ ва ҳолатҳои ғайричашмдошти беруна, инъикос менамояд.

Ҳолати мазкур ба он оварда расонид, ки фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ меъёри муқарраршудаи 2 фоизаро гузашта, аз 2,0 фоиз дар санаи 10.04.с.2018 то ба 3,4 фоиз дар санаи 27.04.с.2018 зиёд гардид.

Сабабу омилҳои баландшавии аз эътидол беруни қурби фурӯши доллари нақди ИМА инҳоянд:
1. Боқӣ мондани бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (фарқияти байни содирот ва воридот). Бақияи манфӣ дар 5 моҳи соли 2018 ба 825,6 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 - 200,0 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Афзоиши бақияи манфии тавозуни савдо, бинобар ба андозаи то 24,9 фоиз (250,5 млн. доллари ИМА) афзоиш ёфтани воридот ва танҳо ба андозаи 13,3 фоиз (50,5 млн. доллари ИМА) афзоиш ёфтани содирот ба вуҷуд омадааст.

2. Мубодилаи рубли русӣ ба доллари ИМА яке аз манбаъҳои асосии дарёфт кардани асъори хориҷии озод мубодилашаванда маҳсуб гашта, устувор будани қурби он ба ташкилотҳои қарзии ватанӣ имконият медод, ки мунтазам доллари ИМА-ро бо қурби қобили қабул аз бозорҳои Русия харидорӣ карда, талаботи мизоҷонашонро ба он қонеъ намоянд.

Мавҷудияти ҳамин механизм яке аз омилҳои асосии нигоҳдории тавозуни байни талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ, муътадил шудани вазъи бозори дохилии асъор ва суботи қурби пули миллӣ дар нимаи дуюми соли 2017 ва семоҳаи якуми соли 2018 мебошад.

Аз санаи 06.04.с.2018 то 12.04.с.2018 қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА то ба 11,2 фоиз коҳиш ёфт. Коҳишёбии мазкур амалияи бо рубли русӣ харидорӣ намудани доллари ИМА-ро маҳдуд намуда, боиси аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба маротиб кам кардани пешниҳоди доллари ИМА ва зиёд гаштани талабот ба доллари ғайринақдии ИМА аз ҷониби мизоҷон - субъектҳои хоҷагидорӣ ва ба доллари нақди ИМА аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолӣ мусоидат намуд.

3. Зиёд шудани талабот ба доллари ИМА (бахусус, ба доллари нақди ИМА) бинобар афзудани фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва ҳаҷми савдо, ки ба афзоиши ҳаҷми интиқолҳои пулӣ бо рубли русӣ ва баландшавии қурби он нисбати сомонӣ (11,6 фоиз) дар давраи аз моҳи июли соли 2017 то моҳи марти соли 2018, алоқаманд аст.

4. Афзоиши ҳаҷми пули нақди миллии дар муомилотбуда, аз ҳисоби зиёд шудани хароҷотҳои буҷет барои таъмини ӯҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ (27,4 фоиз афзоиш дар 5 моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли 2017).

Қайд намудан зарур аст, ки дар соли 2018 гузариш ба реҷаи “ҳадафгирии таваррум” дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ пешбинӣ шудааст ва бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бояд механизм ва усулҳои ба он мутобиқро дар амал татбиқ намояд.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон дахолатҳои асъории худро (фурӯши доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ) тавассути татбиқи роҳу воситаҳои иқтисоди бозоргонӣ, бо истифода аз механизми мутамаркази хариду фурӯши рубли русӣ ва барориши қоғазҳои қиматноки худӣ (дар 6 моҳи соли 2018 ба маблағи 9,0 млрд. сомонӣ, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 – 5,1 млрд. сомонӣ ё 1,8 маротиба зиёд мебошад) анҷом дода, бозорро ба танзим медарорад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини устувории қурби пули миллӣ бо истифода аз тамоми воситаю имкониятҳо, маҷмӯи чораҳои сиёсати пулию қарзӣ ва маъмурию назоратиро ҳамарӯза амалӣ карда истодааст.

Ба ин нигоҳ накарада, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ боқӣ мондааст ва бинобар ин, барои бартараф кардани он амалӣ кардани як қатор чораҳои иловагӣ, зарур аст.

Аз он ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз барои қонеъ гардонидани талаботи мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ ба асъори хориҷӣ дахолати асъорӣ - фурӯши доллари ИМА-ро дар бозори байнибонкӣ анҷом дода, минбаъд дар музоядаҳои фурӯши рубли русӣ аз фишангҳои муосири худ самаранок истифода мебарад.

Айни замон, худи ҳамин рӯз, бо мақсади таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тасҳеҳи (коррексияи) якдаъфинаи қурби базавии миёнавазни қарордодҳои хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкиро анҷом хоҳад дод.

Бонки миллии Тоҷикистон бо камоли масъулият изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъиятро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ нигоҳ дошта, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро дорад ва истифода хоҳад бурд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку