Эълони ОЗМУН

Бойгонии ахбор
27.09.2018

Эълони ОЗМУН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ишғоли вазифаҳои  холии зерин

О З М У Н

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи банақшагирии молиявӣ ва таҳлил

Сармутахассис  (1 ҷой)

  

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии  иқтисодӣ/молиявӣ;
  • доштани малакаи хуби таҳлилгарӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳо;
  • донистани асосҳои Стандартҳои байналмилалии ҳисоботҳои молиявӣ;
  • малакаи  касбии кор дар компютер, донистани барномаҳои  Ms Office (Word, Excel, PowerPoint ва дигар барномаҳо) ;
  • донистани  забонҳои давлатӣ ва  русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
  • доштани таҷрибаи корӣ дар бахши молиявӣ/ҳисобдорӣ на камтар аз 5 сол (фаъолият дар бахши банақшагирии молиявӣ афзалият дорад).
 

Мутахассиси пешбар  (1 ҷой)

  

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии  иқтисодӣ/молиявӣ;
  • доштани малакаи хуби таҳлилгарӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳо;
  • малакаи  касбии кор дар компютер, донистани барномаҳои  Ms Office (Word, Excel, PowerPoint ва дигар барномаҳо) ;
  • донистани  забонҳои давлатӣ ва  русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
  • доштани таҷрибаи корӣ дар бахши молиявӣ/ҳисобдорӣ на камтар аз 3 сол.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • 4 дона расм (андоза 3 x 4)
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти олии касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон

Барои маълумот  тел:  600-32-32; 600-31-38

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо  то  санаи 09.10. 2018

 


Возврат к списку