Конститутсия - шаҳодатномаи давлати ҳуқуқбунёд

Бойгонии ахбор
05.11.2018

Конститутсия - шаҳодатномаи давлати ҳуқуқбунёд

Имрӯз, 5 ноябри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк бахшида ба таҷлили яке аз муҳимтарин ҷашнҳои таърихи навини миллати тоҷик ва бузургтарин дастоварди истиқлоли кишвари маҳбубамон, яъне 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

680_5742c5d44ad9b.jpg

Ҷамъомадро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони чорабиниро аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 24-солагии қабули ин санади таърихӣ шодбош намуда, аз ҷумла қайд кард: “Конститутсия қонуни асосии ҳар давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад. Бинобар ин, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан тақдирсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад”.

- 6 ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз, санаде, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор доштанд.

563A7910.JPG

Ин ҳуҷҷат аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар таърихи давлатдории миллии мо рӯйдоди воқеан бузург мебошад. Конститутсияи Тоҷикистон истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт.

Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар баробари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат мазмуни иҷтимоии онро ифода менамояд.

563A7906.JPG

Яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва дигар қонунҳо мебошад. Зеро қонунмандӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва пешрафту созандагии он маҳсуб мегардад.

Барои ноил гаштан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми анъана дароварда шавад, - изҳор дошт зимни суханронӣ Муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ.

Дар идомаи нишаст, сардори Шуъбаи ҳуқуқи БМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Беҳзод Расулов ба сухан баромада, оид ба таърихи қабули ин қонуни сарнавиштсоз, мақому манзалати он ба ҳозирин маълумоти мухтасар пешниҳод кард. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Конститутсия ҳамчун шаҳодатномаи давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бо тақдирсоз будани худ дар миёни мардум ба сифати бахтнома маъруф гаштааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд: “Агар ба даст овар¬дани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибис¬тиқ¬лола¬мон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳоки¬мияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид”.

563A7901.JPG

Аз ин лиҳоз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо махсусиятҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад,- зикр намуд Б.Расулов.

Дар қисмати ҷамъбастии маҷлиси тантанавӣ иштирокдорон ба суолҳои худ вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку