Эълони ОЗМУН

Бойгонии ахбор
09.11.2018

Эълони ОЗМУН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи омор ва тавозуни пардохт

I
Сармутахассиси шуъбаи омор (1 ҷой)

 

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 2 сол;  
  • донистани забонҳои барномасозӣ ва дигарҳо;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ ва донистани забони англисӣ афзалият дорад.

 

II

Сармутахассиси шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)

 

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омодаи ҳисоботҳои оморӣ  на камтар аз 2 сол;  
  • малакаи зурурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ – касбӣ MS Office (Word, Excel, Power Point) ҳатмист;
  • донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграммаҳо;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ ва донистани забони англисӣ афзалият дорад.

 

III

Мутахассиси пешбари шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)

 

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё риёзӣ-иқтисодӣ;
  • малакаи кор дар компютерӣ – касбӣ MS Office (Word, Excel, Power Point) ҳатмист;
  • қобилияти хуби таҳлилию тадқиқотӣ;
  • донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграммаҳо;
  • дар ҳайати коллектив кор карда тавонистан;
  • доштани малакаи касбӣ на камтар аз 2 сол;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

 

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон

  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38

  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 23.11 с.2018


Возврат к списку