Эълони ОЗМУН

Бойгонии ахбор
30.11.2018

Эълони ОЗМУН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

 

Департаменти назорати бонкӣ

I

Сармутахассиси Идораи таҳлили бонкҳо (3 ҷой)

 

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаҳои интернет;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол дар низоми бонкӣ;
  • надоштани доғи судӣ;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои идоракунии хавфҳо, аудит ва баҳисобгирӣ афзалият дорад.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

 

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

·         ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон

·         Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38

·         Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 14.12 с.2018


Возврат к списку