Эълони ОЗМУН

Бойгонии ахбор
22.02.2019

Эълони ОЗМУН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ

I

Сармутахассиси Бахши тадқиқоти - илмӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
  • доштани унвони илмӣ (Master‘s  in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;
  • малакаи касбии кор бо компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Рoint, Visio) ҳатмист;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • доштани қобилият ва маҳорати кофии моделсозӣ дар барномаҳои Stata, Eviews, MatLab ҳатмист;
  • доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3-сол дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотии иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ.


II

Мутахассиси пешбари Шуъбаи методология ва

таҳияи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ  (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
  • дониши сатҳи кофӣ дар соҳаи бонкию молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
  • доштани қобилияти баланди техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Рoint, Visio) ҳатмист;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотии иқтисодӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ афзалият дорад.


Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

 

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

·         ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон

·         Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38

·         Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 07.03 с.2019


Возврат к списку