29 апрели соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев сафири навтаъйини Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҷаноби Ҷон Марк Поммершеймро ба ҳузур пазируфт. Мулоқоти мазкур бо мақсади шиносоии сафир бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат сурат гирифт.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба сафири тозатаъйини ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершейм оид ба вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, сиёсати монетарӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, низоми бонкӣ ва ислоҳоти дар ин самт татбиқшаванда, беҳ гардидани вазъи низоми бонкӣ нисбат ба солҳои қаблӣ, кам шудани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ маълумоти муфассал манзур намуд. Ҷ.Нуралиев масъалаи барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои хориҷӣ, рушди бозори суғурта дар кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва дастрасии молиявӣ ба аҳолиро, ки бо Департаменти Хазинадории ИМА мавриди муҳокима қарор дорад, бори дигар мавриди таваҷҷуҳи сафири навтаъйини ИМА арзёбӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар рушди иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкии кишвар ҳарф зада, дар хусуси лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аз қабили САSA – 1000 ва саҳми ИМА дар татбиқи минбаъдаи он, лоиҳаи НБО “Роғун” ва аҳамияти минтақавии он табодули назар карданд.
Дар навбати худ, ҷаноби Ҷон Марк Поммершейм барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманд изҳори ҳавасмандӣ намуда, зикр кард, ки ҷонибдори суботи иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Ҷаноби Ҷон Марк Поммершейм бо боварӣ иброз дошт, ки ислоҳоти татбиқшаванда дар ояндаи дарозмуҳлат самараи худро хоҳад дод ва сафорати ИМА барои ҳамкорӣ дар самти масоили иқтисодӣ омодагии хешро баён медорад. Инчунин сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷаноби Ҷон Марк Поммершейм аз истиқболи гарми садорати Бонки милии Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Дар охир Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз таваҷҷуҳи ИМА ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон, махсусан сафорати ИМА дар Тоҷикистонро барои саҳмгузорӣ дар пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ ба низоми бонкии кишвар изҳори миннатдорӣ кард.
Шуъбаи матбуот