24.05.2019
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти технологияҳои иттилоотӣ
I
мутахассиси шуъбаи коркард ва пешбурди барномаҳо (1 ҷой)
Талабот ба номзад
- таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ(IT);
- таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии Маркази тасдиқномадиҳии имзои электронии рақамӣ;
- донистани стандартҳои амнияти иттилоот;
- донистани технологияҳои IDS/IPS, DLP, VipNet, PKI, экранҳои байнишабакавӣ (firewalls) ва воситаҳои барамздарорӣ афзалият дорад;
- қобилияти хуби таҳлил намудани маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- ба бонувони соҳибихтисос имтиёз дода мешавад.
Идораи низоми пардохт
II
мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои
молиявии рақамӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани таҷрибаи корӣ на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, донистани раванди технологии пардохтии бонкӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ/тиҷорати электронӣ/эмиссия/эквайринг/ QR рамз);
- дониши кофӣ оид ба фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низомҳои кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, қабули пардохтҳо) донистани қоида ва хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
- донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Excel ва дигар барномаҳо);
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
III
мутахассиси пешбари шуъбаи назорати низоми пардохт (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- доштани таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 (се) солаи бонкӣ дар соҳаи дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ ва хизматрасонии фосилавии бонкӣ (хизматрасонии пардохтӣ, тиҷорати электронӣ, эмиссия/эквайринги воситаҳои электронии пардохтӣ);
- доштани дониши кофӣ оид ба фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низомҳои кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, қабули пардохтҳо), хусусиятҳо, таҳлил ва идораи хавфҳои фаъолияти онҳо;
- донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
IV
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи назорати низоми пардохт (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 солаи бонкӣ дар соҳаи дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ ва хизматрасонии фосилавии бонкӣ (хизматрасонии пардохтӣ, тиҷорати электронӣ, эмиссия/эквайринги воситаҳои электронии пардохт);
- доштани дониши кофӣ оид ба фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низомҳои кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, қабули пардохтҳо) донистани қоида ва хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
- донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбарди муросилот;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 14.06 с.2019