Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2019, №54 ба Тартиби таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, ваколатҳо ва талабот ба аъзои он, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2017, №61 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2017, №890 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дар сархати панҷуми банди 9 тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он раиси Кумита бояд дорои собиқаи кории на камтар аз яксола дар Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломии ташкилоти қарзии исломӣ ва ё равзанаи бонкии исломӣ бошад. Қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 майи соли 2019, бо рақами №8901 ба қайд гирифта шудааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ