Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
12.07.2019

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти ҳисобдорӣ

I
сармутахассиси шуъбаи пешбурди китоби асосӣ ва иҷрои сиёсати андозӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ ва андоз;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, баҳисобгирии андозӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР ҳатмӣ, CIPA афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ (масъалаи андозбандӣ), мақомоти андоз;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • надоштани доғи судӣ;

II
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи пешбурди китоби асосӣ

ва иҷрои сиёсати андозӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • надоштани доғи судӣ;
  • барои занони соҳибтахассус афзалият дода мешавад.

III
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи амалиёти дохилибонкӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ меҳнат;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • малакаи касбии кор дар барномаи 1С, бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • надоштани доғи судӣ;
  • барои занони соҳибтахассус афзалият дода мешавад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 26.07 с.2019



Возврат к списку