Посух ба маводи “Азия-Плюс” ва радиои “Озодӣ”

Бойгонии ахбор
09.10.2019

Посух ба маводи “Азия-Плюс” ва радиои “Озодӣ”

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба маводи хабаргузории "Азия Плюс", муаллиф Пайрав Чоршанбиев таҳти унвони "В Таджикистане не хватает сомони. Это целенаправленная политика НБТ?” (https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20190930/v-tadzhikistane-ne-hvataet-somoni-eto-tselenapravlennaya-politika-nbt) ва маводи радиои "Озодӣ" аз 21 сентбяри 2019 таҳти унвони "На рубл медиҳанд, на сомонӣ". Норизоии сокинони Кӯлоб аз кори бонкҳо.(https://www.ozodi.org/a/the-problem-of-cash-money-in-banks-tajikistan/30175153.html) чунин иттилоъ медиҳад:

Ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани пули нақд тибқи муқаррарот дархостҳои худро ба Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон як рӯз қабл аз гирифтани пули нақд пешниҳод менамоянд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо қабули дархост санҷиши ҳолати бақияи хазинаҳои муомилотии ташкилотҳои қарзӣ ва ба кадом мақсад истифода намудани пули нақди дархостшударо мегузаронанд. Ҳангоми дар хазинаҳои муомилотӣ ва банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд будани маблағҳои калони пули нақд дархости онҳо ба инобат гирифта намешавад.

Ҳолатҳое ҳастанд, ки ташкилотҳои қарзӣ дар суратҳисобҳояшон      маблағи зарурӣ надоранд, ки ба суратҳисоби махсус барои гирифтани пули нақд гузаронанд ва бо пули нақд таъмин карда шаванд, ки ин мушкилоти ташкилотҳои қарзӣ мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро мунтазам бо пули нақд таъмин менамояд. Дар ҳашт моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ аз хазинаҳои Хазинаи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва хазинаҳои шуъбаҳои минтақавии он, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 7 миллиард (7 050) сомонӣ бо пули нақд таъмин карда шудаанд. Пули нақд ба ташкилотҳои қарзӣ пеш аз ҳама бо мақсади пардохти музди меҳнат, нафақа, пасандозҳо, лоиҳаҳои қарздиҳӣ, алалхусус қарздиҳӣ ба соҳаи пахтакорӣ равона карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дорои захираҳои кофии пули нақд (пулҳои коғазӣ ва тангаҳои филизӣ) мебошад ва дар самти саривақт бо пули нақд таъмин намудани соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ягон мамоният вуҷуд надорад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку