22 ноябри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, мудири Шуъбаи ташкили кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт.
Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро аз номи Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, афзуд: “Даҳ сол аз ин муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст ва минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Бешубҳа Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди миллат қарор бигирад”.
Сардори Идораи кормандони бонк Давлаҳмад Гадоев дар навбати худ оид ба таърихи пайдоиши парчам, мақоми Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои ифодакунандаи соҳибдавлатӣ изҳори андеша намуд. Аз ҷумла бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ намуда, Д. Гадоев зикр кард, ки калимаи “парчам”, ки имрӯз вирди забонҳост, аслан дар забони модарии мо вожаи бегона нест. Асли калимаи “парчам”аз ду вожа “пар” ба маънии бар, боло ва “чам” ба маънии хам, хамида, яъне “болои хамида”, “аз боло хамида” иборат аст ва реша дар забони суғдӣ дорад, ки ин забон ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ шомил буда, дар ибтидо маркази ривоҷу равнақи он шаҳрҳои Самарқанду Бухоро буданд.
Эҳтимол меравад, ки калимаи “парчам” мустақиман аз забони суғдӣ ба забони тоҷикӣ ё ғайримустақим, тавассути забонҳои муғулию туркӣ ба забони модарии мо ворид шудааст. Зеро, дар оғоз агар суғдиён ресмони пӯпакдори абрешимии ба сари найза басташударо “парчам” мегуфтанд, пас қабилаҳои биёбонгарди турку муғул, ки аз коркарди абрешим бебаҳра буданд, ба сари найза мӯй, думи гов ё думи ғажгов мебастанд ва ҳамонро “парчам” мегуфтанд.
Дар асрҳои баъдӣ парчам тағйири шакл намуд ва пӯст ё матои ба найза ё чӯбдаст басташударо ифода мекард.
Метавон гуфт, ки парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод.
Ногуфта намонад, ки ниёкони мо ба маънии имрӯзии “парчам” бештар аз калимаи дирафш ё Дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд.
Дирафши ковиёнӣ парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз рӯзгори подшоҳии Пешдодиён то Сосониён буд.
Бештари муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне Дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост. Вақте ки Коваи оҳангар дар иҳотаи издиҳом парчам рӯи каф ба назди Фаридуни Отибин расид, Фаридун парчами ӯро фоли нек гирифта, рамзи пирӯзӣ ба Заҳҳоки морон донист ва амр кард парчами чармии Коваро бо дебои зарду сурху бунафш ва зару дурру гавҳар оростанд ва онро Диравши ковиёнӣ ном ниҳод.
Ба пиндори бархе муҳаққиқон Ковиёнӣ ба номи Коваи оҳангар мансуб набуда, балки ба калимаи ковӣ, яъне шоҳ алоқамандӣ дорад. Дар ин сурат Дирафши ковиёнӣ парчами шоҳӣ маҳсуб мешавад. Дар аҳди шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, ки аз нахустин тоҷдорони рӯи замин ва мунодигарони баробарию бародарии ҳамаи инсонҳо буданд, низ Дирафши ковиёнӣ парафшон буд”, – қайд кард Д.Гадоев.
“Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла Дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.
Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни рангаш сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои сурху сабз аст.
Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст, ки намояи нахустин хусравони соҳибтоҷ будани тоҷикон аст.
Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият мебошад.
Ранги сафеди парчами давлатӣ рамзи бахту иқболи сафед ва орзую омоли неки халқи кишвар аст.
Ранги сабзи парчами давлатии Тоҷикистон рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати мардум маънӣ мешавад, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад.
Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад”, - қайд кард Д.Гадоев.
Мудири Шуъбаи ташкили кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Ҷурахонзода Ҷумахон зимни баромади худ аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, иброз дошт: “Дарвоқеъ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, то миллати тоҷик соҳиби муқаддасоти давлатӣ гардад. Яке аз муқаддасоти давлатиамон ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бояд ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон рӯзи 24 ноябрро “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон намуда, зикр доштанд, ки “Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
- Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд, дар бинои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлол иттилоъ медиҳад, - зикр намуд Ҷурахонзода Ҷумахон.
Дар доираи баргузории чорабинии мазкур як гурӯҳ кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла котиби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Гулнора Саломова, сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ Мирзоҳасан Султонов, мутахасиси дараҷаи 2-и Шуъбаи ҳуқуқ Муҳаммадалӣ Имомов ва дигарон ба сухан баромада, оид ба моҳияти Парчам ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ суханронӣ ва шеърхонӣ карданд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони ҷавони Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаи аъзогӣ супорида шуд.
Дар анҷоми ҷамъомад Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова бори дигар иштирокдоронро аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, таъкид бар он дошт: ”Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад”.
Шуъбаи матбуоти БМТ