3 декабри соли 2019 Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз ин рӯ, тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд.
Мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ба фаъолият оғоз намудани Маркази миллии протсессингӣ ба боло рафтани маърифатнокии молиявии аҳолӣ низ мусоидат намуд. Зеро теъдоди суратҳисобҳои бонкӣ ва кортҳои пардохтии бонкӣ пас аз ба фаъолият оғоз намудани ММП ба маротиб афзоиш ёфт. Барои мисол, танҳо дар як ҳафтаи ба кор оғоз намудани ММП аҳолии кишвар беш аз 32 ҳазор кортҳои пардохтии бонкӣ дастрас намуданд. Дар ҳоле, ки ин нишондиҳанда қаблан 25 ҳазор кортҳои пардохтӣ дар як моҳро ташкил медод.
Дар умум, ба фаъолият оғоз намудани ММП барои афзоиши суратҳисобҳои бонкӣ, афзоиш ёфтани амонатҳо, зиёд гардидани ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ ва дар натиҷа шаффоф гардидани иқтисодиёти миллӣ мусоидат хоҳад намуд.
Шуъбаи матбуот