09.01.2020
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ
I
Cармутахассиси Бахши илмӣ – тадқиқотӣ (1ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
-
дониши сатҳи кофӣ дар соҳаи бонкию молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
-
доштани қобилияти баланди техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
-
малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio) ҳатмист;
-
донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
-
маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ;
-
доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои илмӣ - тадқиқотии иқтисодӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ афзалият дорад.
II
Cармутахассиси шуъбаи методология ва таҳияи
санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ (1ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
-
доштани унвони илмӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;
-
малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio) ҳатмист;
-
донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
-
доштани қобилият ва маҳорати кофии моделсозӣ дар барномаҳои Stata, Eviews, MatLab ҳатмист;
-
доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ;
-
доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои илмӣ - тадқиқотии иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ.
III
Идораи кормандон
Бозраси осорхона (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии таърихшинос ё филологӣ;
-
дониши сатҳи кофӣ дар соҳаи таърих ва бостоншиносӣ;
-
малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point);
-
доштани маълумоти кофӣ оиди таърихи Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
-
маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
-
доштани собиқаи корӣ дар осорхона афзалият дорад;
-
ба занҳои соҳибмаълумот афзалият дода мешавад.
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб
IV
Мутахассиси шуъбаи назорати бонкӣ(шартномавӣ) (1ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ;
-
доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
-
малакаи касбии кор бо компютер, донистани барномаҳои – Ms Office (Word, Exсel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
-
доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
-
дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
-
донистани забонҳои давлатӣ ҳатмӣ, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ афзалият дорад;
-
доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
V
Ҳуқуқшиносишуъбаи назорати бонкӣ(шартномавӣ) (1ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
-
дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ ва ҷиноятӣ;
-
маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
-
таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
-
малакаи касбии кор бо компютер, донистани барномаҳои – Ms Office (Word, Exсel, Power Point);
-
донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ;
-
доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
-
маълумотнома (справка-объективка);
-
варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
-
тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
-
расм 4 дона андозаи 3х4;
-
нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
-
нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
-
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
-
маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
-
нусхаи билети ҳарбӣ;
-
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
-
барои маълумот – тел: 600 32 32; 600 31 38
-
ш.Кӯлоб, кучаи Ҳ.Неъматов 4, Шуъбаи кормандон ва корҳо
-
Барои маълумот – тел: 625 - 05 -67
-
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 22.01 с.2020