20.08.2020
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ
I
Директори Пажӯҳишгоҳ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
-
доштани унвони илмӣ – номзад, доктори илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD)- ҳатмӣ;
-
доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар сатҳи роҳбарикунанда дар соҳаи бонкӣ ё муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
-
донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ - ҳатмӣ;
-
малакаи касбии кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ;
-
доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ - ҳатмӣ;
-
маълумоти кофӣ оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи бонкӣ, молия ва иқтисод;
-
маҳорати баланди ибрози андеша, малакаи рӯнамоӣ намудан бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ);
-
қобилият доштан дар пешниҳоди методологияи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
-
дар сатҳи кофӣ таҳлил намудани тавозуни бонкӣ, гузаронидани таҳлили мақсадноки ташкилотҳои суғуртавӣ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон.
Департаменти назорати бонкӣ
II
Мутахассиси дараҷаи I Идораи таҳлили бонкҳо (4 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
-
дониши қонунгузории соҳаи бонкӣ;
-
қобилияти таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
-
маҳорати ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ;
-
малакаи кор дар компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
-
донистани забони давлатӣ ҳатмӣ, забони русӣ ва англисӣ афзалият дорад;
-
собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ.
III
Мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати бонкдории исломӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии молиявӣ, иқтисодӣ ё ҳуқуқи исломӣ;
-
дониши кофӣ оид ба қонунгузории соҳаи бонкӣ (исломӣ);
- донишу малака дар самти маблағгузории исломӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда (шаҳодатнома, диплом);
-
қобилияти таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
-
таҷрибаи таҳлил ва тасдиқи хизматрасониҳои бонкии исломии мутобиқ ба принсипҳои маблағгузории исломӣ (афзалият дорад);
-
маҳорати кофии ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, русӣ;
-
малакаи кор дар компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
-
донистани забони давлатӣ, русӣ, англисӣ ҳатмӣ (арабӣ афзалият дорад);
-
собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 3 сол.
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб
IV
Ҳуқуқшиноси шуъбаи назорати бонкӣ (шартномавӣ) (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
- дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ ва ҷиноятӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
- таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
- малакаи касбии кор бо компютер, донистани барномаҳои – Ms Office (Word, Exсel, Power Point);
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ;
- доштани собиқаи корӣ ҳуқуқӣ ва баргардонидани қарзҳои мушкилситон на камтар аз 2 сол.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38
- ш.Кӯлоб, кучаи Ҳ.Неъматов 4, Шуъбаи кормандон ва корҳо
- Барои маълумот – тел: +992 (44) 625 - 05 -67
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 01.09 с.2020