Тавзеҳ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”

Бойгонии ахбор
18.12.2020

Тавзеҳ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” идомаи ислоҳоти низоми суғурта буда, бо мақсади иҷрои банди 65 Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.06.с.2019, №24/10-233 баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 ҷиҳати таҳия ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми суғурта, назорати фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ, фаъол гардонидани бозори намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои сифатан нав ироа гардид, 7 августи соли 2020 қабул карда шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкили суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро муайян месозад. Санади мазкур баҳри пурзӯр намудани назорати фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ, аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, монополия (инҳисорӣ) ва манфиатҷӯӣ дар низоми суғурта равона шуда, бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Мақсад аз қабули ин қонун таъмини кафолати амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон ва ё фоидагирандагон ҳангоми расонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт зимни истифодабарии воситаҳои нақлиёт мебошад.

То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 10.06.1996)  “Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ба танзим дароварда мешуд. Бо назардошти он ки қарори мазкур ба пуррагӣ талаботи муосири низоми суғуртаро ҳамаҷониба фаро гирифта наметавонист, қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав дар ин самт муҳим ва саривақтӣ аст.

Бояд қайд кард, ки соли 2016 бо мақсади аз байн бурдани монополияи суғуртаи ҳатмӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” қабул гардид, ки дар асоси он монополияи суғуртаи ҳатмӣ бекор карда шуда, ташкилотҳои суғуртавии ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ новобаста аз шакли моликият, ҳуқуқи амалӣ намудани суғуртакунии ҳатмиро пайдо карданд.

Қонуни нав имконият фароҳам меоварад, ки ин намуди суғуртаи ҳатмӣ танзим шуда, дар сатҳи қонуни мукаммали махсус, вобаста ба ин намуди суғурта рақобати солими ба манфиати суғурташавандагон равонашударо беҳтар намояд, ки ин боиси рушди бозори суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар дигар давлатҳо, аз ҷумла дар кишварҳои узви ИДМ оид ба суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт қонуни махсус амал намуда, механизми ин намуди суғурта таъмин карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” иҷрои мақсадҳои зеринро таъмин менамояд:

- кафолати амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагонро ҳангоми расонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт зимни истифодабарии воситаҳои нақлиёт таъмин менамояд;

- инҳисор (монополия)-ро аз байн бурда, рақобати солимро дар бозори суғурта таъмин менамояд. Ташкилотҳои суғуртавӣ новобаста аз шакли моликияташон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, № 211 “Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)” барои амалӣ намудани суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ пайдо мекунанд;

- ба суғурташавандагон имконияти мустақилона интихоб намудани ташкилоти суғуртавиро медиҳад ва ба ин восита боварӣ ва эътимоди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба соҳаи суғурта зиёд мегардад;

- ташкилотҳои суғуртавӣ бо мақсади ҷалби мизоҷон фаъолияти ташвиқотиву таблиғотиро вусъат дода, барои пурзӯр намудани пардохтпазирии худ чораҳои заруриро меандешанд;

- ҳимояи манфиатҳои молиявӣ ва иҷтимоии суғурташавандагонро таъмин менамояд;

- барои ташкилотҳои суғуртавӣ шароит фароҳам меоварад, ки минбаъд маблағҳои озоди худро бо шартҳои диверсификатсия ва даромаднокӣ ба иқтисодиёт сармоягузорӣ намоянд;

- қоидаҳои назорати фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ, ки ба ин намуди суғуртаи ҳатмӣ иртибот дорад, мукаммал мегарданд;

- фаъолияти иҷозатномадиҳии ташкилотҳои суғуртавӣ вобаста ба ин намуди суғуртаи ҳатмӣ ба танзим дароварда мешавад;

- асосҳои муносибатҳои байнидавлатиро бо кишварҳои ҳамсарҳад ба танзим медарорад.

Дар маҷмӯъ, таҷрибаи тайи солҳои охир нишон дод, ки то қабули қонуни нав вобаста ба суғуртаи ҳатмии соҳибони воситаҳои нақлиёт танзиму назорат дар сатҳи қонуни мукаммали махсус мавҷуд набуд ва ин ҳолат мушкилотро ба миён оварда, ба ин намуди суғурта рақобати солими ба манфиати суғурташавандагон нигаронидашударо маҳдуд менамуд. Чунин ҳолат ба рушди бозори суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекард.

Аз ин лиҳоз, бо назардошти муқаррароти нави қонуни амалкунандаи фаъолияти суғуртавӣ, нокифоя будани танзими суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва зарурияти мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии ин намуди суғуртаи ҳатмӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва амалияи пешрафта таҳия ва қабул карда шуд.


Возврат к списку