26 январи соли 2021 кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”-ро ҳамчун санади муҳимми раҳнамосоз барои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар ва амалисози ҳадафҳои миллии минбаъда тамошо карда, ҳар нуктаи зикргардидаи онро барои худ чун ҳидоятнома ва дастури сабақомӯз мавриди амал қарор хоҳанд дод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш дастовардҳои кишвар дар соли 2020, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди соҳаҳои иқтисодӣ, низоми бонкӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, тандурустӣ, амният ва ҳифзи ҳуқуқ, фарҳанг, илму маориф, занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дигар масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз душвор буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ таъсири манфии худро расонид. Яъне Тоҷикистон соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ намуд.
Сарвари давлат зимни ироаи Паёми хеш иброз доштанд, ки дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 2 фоиз зиёд мебошад.
Бо вуҷуди таъсири омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.
Ҳамин тавр, иқтисодиёти кишвар дар соли 2020 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ бошад нисбат ба соли 2019 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Соли сипаригардида ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлилу баррасии соҳаҳои гуногун, ба масоили низоми бонкии мамлакат низ таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар дар соли 2020 17,2 фоиз афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил кард ва ин гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва эътимоди мардум ба ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд.
“Дар соли сипаришуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019 4,6 фоиз зиёд мебошад. Вале ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар қонеъкунанда нест. Ҳанӯз ҳам нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми сусти идоракунии корпоративӣ, зиёд будани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи камбудиҳое мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд. Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ба талабот мутобиқ сохта, раванди идоракунии корпоративиро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва тадриҷан афзоиш додани сармояи оинномавии онҳоро таъмин намояд. Дар ин раванд, бояд якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ оид ба беҳтар намудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол намудани низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои суғуртавӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд”,-таъкид доштанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар дастур доданд, ки Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои ба низоми бонкӣ ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ бо роҳандозии технологияҳои молиявию инноватсионӣ васеъ намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва дар ин замина, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор пурра ҷорӣ кардани амалиёти ғайринақдӣ, аз ҷумла ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв гузаронида шавад.
Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи олии давлат ва ҳукумати мамлакат таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Дар ин раванд, таҳким бахшидан ба нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Ин ҳадафҳо, дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла тамоми хизматчиёни давлатӣ, инчунин, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ҳар як фарди бонангу номуси кишварро вазифадор месозанд, ки дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон сарҷамъу муттаҳид бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки соли 2020 бо рӯйдодҳои басо муҳимму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид. Дар ин сол ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.
Ҳамчунин, бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид, ки ин муваффақияти тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.
“Соли 2021 низ барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст. Аъзои Ҳукумат ва роҳбарони идораву сохторҳое, ки ба шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадоранд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳои тибқи нақша пешбинишударо таъмин намоянд”,-зикр намуданд Сарвари давлат.
Дар охир Пешвои миллат бори дигар таъкид бар он доштанд, ки вазифаи асосии ҳар яки мо – аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ – содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст. Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад.
Шуъбаи матбуот