04.06.2021
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи бозори молиявӣ
I
Сармутахассиси шуъбаи кор бо қарзҳо (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории бонкӣ, гражданӣ ва мурофиавӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер - MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
- донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва ҳисобот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
- доштани собиқаи корӣ дар ташкилотҳои молиявии кишвар на кам аз 2 сол.
II
Сармутахассиси шуъбаи захираҳои ҳатмӣ ва коғазҳои қиматнок (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва ҳисобот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер – MS Office (Word, Excel, Power Point, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- малакаи касбии кор бо НАБ (Низоми автоматикунонии бонкӣ)
- донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ дар ташкилоҳои молиявии кишвар на кам аз 2 сол.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: (+992) 44 600-32-32; (+992) 44 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 17.06 .2021