19 октябри соли 2021 муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар доираи баргузории Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи кӯмаки техникӣ барои Барномаи таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрг Фолленвайдер ва Рето Вайерманн мулоқот анҷом дод.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз ташрифи ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол намуда, равобити судманди чандинсола ва дар ин замина, кӯмакҳои Ҳукумати Швейтсария дар самти татбиқи лоиҳаҳои ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон равонагардидаро, натиҷаи ҳамкории босамари ҷонибҳо арзёбӣ намуд.
“Мехоҳам таъкид намоям, ки Барномаи таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон дар раванди амалишавии ислоҳоти низоми бонкии кишвар саҳми назаррас дошта, ҷиҳати таъмини суботи молиявии дарозмуҳлат тавассути таҳкими асосҳои институтсионалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши молиявӣ нақши муҳим мебозад”,-зикр намуд муовини Раиси БМТ Фирдавс Толибзода.
Намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ самаранокии Барномаи таҳкими бахши молиявии Тоҷикистонро, ки дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, таъкид карда, қаноатмандии худро аз раванди амалишавии он иброз доштанд.
Дар идомаи мулоқот ҷараёни татбиқи барномаи мазкур ва ҳар як самти он, аз ҷумла таҳкими суботи бахши молиявӣ, рушди механизмҳои батанзимдарории бонкҳо, воситаҳои коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол ва масъалаҳои андозбандии онҳо, рушди идоракунии корпоративӣ, рушди низоми пардохт ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ба таври муфассал ва бо истифода аз рӯнамоҳо таҳлилу натиҷагирӣ карда шуд.
Инчунин, хулосаи баҳодиҳии миёнамуҳлати Барномаи таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон, ки бо ҷалби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиноси мустақили байналмилалӣ Субҳренду Чаттарҷӣ таҳия гардидааст, ба самъи ҳозирин расонида шуда, ҷиҳати ҳарчи зудтар ва босифат анҷом додани компонентҳои (қисматҳои) барнома ба ҷонибҳо тавсияҳо дода шуд.
Ҳамин тавр, иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба ҳар як самти барнома ва раванди татбиқи он фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд. Таъкид гардид, ки амалисозии пурраи барномаи мазкур барои татбиқи босамари ислоҳоти роҳандозигардида ва рушди низоми бонкии кишвар мусоидат менамояд.
Зимни ҷамъбасти ҷаласа, ҷонибҳо ба сатҳу сифати татбиқи барнома баҳои баланд дода, омодагии хешро барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои судманд дар самтҳои афзалиятнок иброз доштанд.
Шуъбаи матбуот