Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон ва бештар кардани завқу ҳаваси онҳо ба донишандӯзӣ ва ташаккул додани қобилияти пажӯҳишу навҷӯӣ, 3 феврали 2022 муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович барои беш аз 400 нафар донишҷӯён, унвонҷӯён ва муаллимони ҷавон, ҳайати профессорон ва устодони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бо истифода аз шаклу усулҳои фаъоли таҳлилу баррасӣ рӯнаморо таҳти унвони “Дигаргунсозии ниҳодӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ” манзур гардонид.
Дар ифтитоҳи вохӯрӣ-семинари амалӣ ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Хоҷазода Тоҳир Абдулло барои дастгирии иқдоми мазкур аз ҷониби муаррификунанда изҳори сипос намуда, рӯнамои мазкурро барои унвонҷӯён ва донишҷӯён бо такя ба назария ва амалияи низоми бонкӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии низоми бонкӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд, зеро ҷорӣ намудани усулҳои нави пешниҳод бо истифода аз технологияҳои муосир аз ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф маҳсуб меёбад.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Камолович дар навбати худ аз иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия истиқбол карда, ҳадафи ин вохӯриро барои афзун гардонидани сатҳи донишу малака, тавсеаи тафаккури молиявию иқтисодӣ ва ҷаҳонбинии иқтисодии ҷавонон бо истифода аз амалия ва назарияи муосир арзёбӣ намуд. Зикр карда шуд, ки рӯнамои мазкур аз 88 слайд иборат буда, бо се забон - давлатӣ, русӣ ва англисӣ таҳия шудааст ва давраи 11 соли охирро бо назардошти таҳлилҳо ва диаграммаҳо фаро мегирад.
Нахуст, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин аз татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва раванди гузариш аз реҷаи маъмулии ҳадафгирии монетарӣ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои фундаменталии макроиқтисодӣ баҳри таъмини суботи нархҳо ва нигоҳдории сатҳи муътадили таваррум, тақсимоти самараноки захираҳо, афзоиши ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ, ки дар маҷмуъ дар рушди воқеии иқтисодиёт ва сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири мусбӣ расонидааст, ибрози ақида намуд. Баъдан, Ҷамолиддин Камолович аз таҳия ва татбиқи стратегияи сиёсати монетарӣ бо истифодаи самараноки фишангҳои нави монетарӣ, мукаммал гардонидани иқтидори таҳлил ва дурнамосозӣ, гузариш ба стандартҳо ва методологияҳои омори байналмилалӣ, ҷорӣ намудани платформаи мутамаркази автоматии шаффофи электронии савдо, раванди таъсирбахшии меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум, таъмини шаффофият дар амалиётҳои монетарӣ ва роҳандозӣ гардидани ислоҳотҳои дигари таъсирбахш шарҳу тавзеҳ дод. Татбиқи як қатор ислоҳотҳои самараноки таъсирбахшро имкон фароҳам оварданд, ки сатҳи таваррум дар доираи ҳадафи пешбинишуда нигоҳ дошта шуда, муътадилии қурби пули миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба вазъи низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он тавассути татбиқи ислоҳоти “гузариш аз миқдор ба сифат”, ки боиси беҳтар шудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ, зиёд гардидани ҳаҷми қарзҳои додашуда дар давоми 6 соли охир гардид, маълумоти муфассал манзур намуд. Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, новобаста аз берун шудани ташкилотҳои қарзии мушкилотдор (ғайри қобили пардохт) аз низоми бонкӣ, дар қиёс бо баъзе аз кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дошта, беҳтаршавии вазъи молиявии низоми бонкӣ идома дорад.
Қисмати дигари рӯнамо ба ислоҳотҳои институтсионалии муҳим, аз ҷумла таъсиси Маркази миллии протсесингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) ва Тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъорӣ бахшида шуд, ки ин падида дар ҷаҳон ҳамто надошта, ба таъмини шаффофияти ниҳодӣ, рақобати солим дар бозори дохилии асъор ва рушди низоми бонкӣ дар сатҳи сифатан наву муосир равона шудааст. Ҷамолиддин Камолович таъкид дошт, ки бо фаъол шудани ММПИМ хавфҳои вобаста ба пардохтпазирии низомҳои пардохтӣ пурра аз байн бурда шуда, рақобати солим дар бозори интиқоли маблағҳо таъмин гардид, хавфҳои расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди кишвар ба маротиб коҳиш дода шуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Марказ ба рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ такони ҷиддӣ дода, дар давраи фаъолияти он кортҳои пардохтӣ ба андозаи 1,3 млн. адад (дар маҷмуъ 3,5 млн. адад) ва шумораи ҳамёнҳои электронӣ 10 баробар зиёд шуданд.
Дар баробари ин, Ҷамолиддин Камолович рушди устувори бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, стратегияи тақсимоти дороиҳо дар идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ ва диверсификатсияи сохтори он, сиёсати самараноки қурби асъор ва идоракунии лаппишҳои қурбӣ тавассути механизмҳои зарурӣ, тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон баҳри пешгирии хавфҳои Соvid-19, ислоҳотҳои институтсионалии Бонки миллии Тоҷикистонро дар солҳои 2015-2021 дар асоси таҳлилҳои 11 соли охир муфассалан шарҳу тавзеҳ дод.
Дар маҷмуъ, зимни рӯнамо оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, рушди воқеии иқтисодиёт, сатҳи таваррум ва тамоюли тағйирёбии онҳо дар ёздаҳ соли охир (солҳои 2011-2021) маълумот манзур гардид.
Дар қисмати ҷамъбастӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович оид ба идомаи сиёсати Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ бо татбиқи реҷаи гузариш ба ҳадафгирии таваррум, муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум, идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ, татбиқи сиёсати самараноки қурби асъор бо реҷаи нисбатан озод шинокунанда, фарогирии молиявӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, таъмини устувории низоми бонкӣ ва таҳкими эътимод ба низоми бонкӣ махсусан таъкид намуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар интиҳо барои иштирокдорон ҳамчунин муколама муҳокимаронии озод перомуни масъалаҳои рӯнамо фароҳам омад. Иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои таваррум ва дурнамои он, аз рӯи нишондиҳандаҳо муқаррар намудани меъёри бозтамвил, пешгирии хавфҳои низоми бонкӣ вобаста ба омилҳои берунӣ, назорати бонкӣ ва меъёрҳои мақбул, эмиссияи пул, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва қарзҳои ипотекӣ, тадбирҳои БМТ барои муътадил нигоҳ доштани қурб, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва амсоли инҳо пурсон шуда, ҳар яки онҳо ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар фароварди вохӯрӣ-семинари амалӣ ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Хоҷазода Тоҳир Абдулло ба муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович барои чунин рӯнамои пурмуҳтаво бо тарзу шеваи нави пешниҳод ва фарогири васеи масъалаҳои иқтисодию бонкӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар муроҷиат ба унвонҷӯён ва донишҷӯёни Донишгоҳ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз манбаъҳои захиравии Донишгоҳ, устодони ботаҷриба, шароити муосири фароҳамшуда ва фазои сулҳу субот дар кишвар, донишу малакаи худро бо такя ба таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ такмил дода, дар рушди минбаъдаи иқтисодиёт саҳмгузор бошанд. “Агар заррае дар тафаккури Шумо майлу рағбатро ба донишандӯзӣ ва пажӯҳишу навҷӯӣ бедор карда тавониста бошам ва баҳри афзун гардидани сатҳи донишу малакаи шумо нақше гузошта бошам, рисолати имрӯзаи хешро иҷрошуда ҳисоб мекунам”, - изҳор дошт Нуралиев Ҷамолиддин Камолович.
Шуъбаи матбуот