Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
24.06.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти аудити дохилӣ
I
Сардори шуъбаи аудити молиявӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кофии ҳамкорӣ бо аудиторони берунӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint)-ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

II
Аудитори дараҷаи I
шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
  • доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

III
Аудитори дараҷаи II
шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

IV
Аудитори дараҷаи II шуъбаи аудити молиявӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint)-ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 3 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 06.07. 2022

Возврат к списку