19.09.2022
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи низоми пардохт
I
Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи назорати низоми пардохти идораи низоми пардохт (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
- донишу малакаи кофӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ донистани раванди технологии пардохтии бонкӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ, тиҷорати электронӣ, эмиссия, эквайринг);
- дониши кофӣ оид ба фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низомҳои кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, қабули пардохтҳо) донистани қоида ва хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
- донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад;
- собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на кам аз 2 сол.
II
Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ/молиявӣ/техникӣ;
- донишу малакаи кофӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ донистани раванди технологии пардохтии бонкӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ, тиҷорати электронӣ, эмиссия, эквайринг);
- дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ (Visa, Mastercard, Unionpay, Western Union ва диг.), донистани қоидаҳо ва талаботҳои низомҳои пардохтӣ;
- донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад;
- собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на кам аз 2 сол.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- 3 дона расм (андоза 3х4);
- рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) аз мақомоти андози ноҳия.
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи билети ҳарби;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- рақами СИН аз шуъбаи муҳосиботи ҷойи кори пештара;
- маълумотномаи тиббӣ №038;
- маълумотнома аз ВКД (ИТС) барои доғи судӣ надоштан.
Қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
- Нишонии почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ
- Телефон барои маълумот: 600-32-13, 600-32-32
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 07 октябри с.2022
Идораи кормандон