23 декабри соли 2022 кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ироа намуданд ва он тавассути тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мустақимона пахш карда шуд, дастаҷамъона тамошо карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз дастовардҳои соли 2022 ёдовар шуда, қайд карданд, ки соли 2022 барои Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, соли бобарор буда, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Сипас, Пешвои миллат оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар баробари баррасии масъалаҳои номбурда, дар Паём ба вазъи низоми бонкии кишвар низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар самти сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин, таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд.
Қайд гардид, ки дар соли 2022 қурби пули миллӣ муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуд. Вале хавфҳои эҳтимолӣ водор месозанд, ки дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Дар мавриди дастовардҳо дар самти зиёд шудани пасандозҳо зимни ироаи Паём таъкид карда шуд, ки дар охири соли 2022 бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 13 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳарчанд нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2021-ум қариб 28 фоиз зиёд мебошад, вале ҳанӯз ба талабот дар самти рушди фаъолияти низоми бонкӣ ҷавобгӯ нест.
Қобили қайд аст, ки ҳаҷми қарзҳои дар соли 2022 аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба аҳолӣ ва соҳибкорон додашуда 14,1 миллиард сомониро ташкил кард, ки дар муқоиса бо соли 2018-ум 85 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар панҷ соли охир шумораи қарзгирандагон аз 564 ҳазори соли 2018 то ба 2 миллиону 336 ҳазор дар соли 2022 расида, 4,1 баробар афзоиш ёфтааст, ки фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва соҳибкоронро нишон медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати аҳли нишастро ба афзоиши ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда, ки дар ин давра 55 миллиард сомониро ташкил намуд ва 36 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ҷалб намуданд. Ҳамзамон иброз доштанд, ки ин нишондиҳандаҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мо, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ҳоло ҳам нокифоя мебошанд. Бинбар ин, таъкид карданд, ки масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан, қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад. Зеро ҳар қадар, ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад.
Аз ин рӯ, дар идомаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, “Амонатбонк” ва “Саноатсодиротбонк” вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд.
Илова бар ин, Бонки миллӣ вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ дар кишвар барои рушди шабакаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, таъмин намудани гуногуншаклии хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо чораҷӯӣ намояд.
Дар қисмати ҷамъбастии Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар солҳои охир қайд карданд, ки пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд. “Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд.”
Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ, - омадааст дар Паём, - дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем. Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем. Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардуми шарифи кишвар даъват ба амал оварда, гуфтанд, ки мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.
Шуъбаи матбуоти
БМТ