Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022

Бойгонии ахбор
11.01.2023

Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022

Риояи талаботи қонунгузории соҳа, ҷобаҷогузории дурусти дороиҳо тибқи тартиби муқарраршуда, татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО), пешбурди фаъолият ва ҳисоботҳои муҳосибӣ дар асоси таҳлилҳои молиявии соҳавӣ, вусъат бахшидани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ дар байни аҳолӣ, иҷрои принсипҳои асосии суғурта дар бозори суғурта, интихоби дурусти ширкатҳои аудитории беруна ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа дар ҷаласаи натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар соли 2022, ки 10 январи соли 2023 таҳти сарварии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ, Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон ва масъулини воҳидҳои сохтории бонк баргузор гардид, мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд.

NBTL5266 -1.JPG

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ибтидо зикр намуд, ки новобаста аз вазъи сиёсӣ ва идомаи таъсири бемории сироятии коронавирус (Covid-19) ба рушди иқтисоди ҷаҳон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кам кардани таъсири манфии ин омилҳо ба иқтисоди миллӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешид, ки дар натиҷа нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиёт, аз он ҷумла низоми суғурта, ки яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявӣ маҳсуб меёбад, мусбӣ ҷамъбаст гардиданд. 

Номбурда таъкид бар он дошт, ки роҳбарияти олии кишвар ба рушди бозори суғурта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он дастуру роҳнамоиҳои мушаххас медиҳанд.

Аз он ҷумла, қабул гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, таҳти №314 оид ба “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва дар он пешбинӣ гардидани як қатор ҳадафҳои мушаххас дар бахши суғурта, аз ҷумла рақамикунонии хизматрасониҳои суғуртавӣ, ворид намудани тағйиротҳои дахлдор ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, бартараф намудани инҳисор ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани суғуртаи исломӣ (такаффул) аз он шаҳодат медиҳанд.

NBTL5307 -2.JPG

Дар раванди ҷаласа изҳор гардид, ки бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузорӣ соли 2022 бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Талабот ба услуби баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ” ва “Талабот ба мазмуни шартнома ва санади қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ” таҳия ва тасдиқ гардиданд. 

Ҳамчунин, дар соли қаблӣ Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили молиявии ташкилотҳои суғуртавиро дар алоҳидагӣ аз рӯи Принсипҳои асосии суғурта анҷом дод ва дар робита ба ин, бо мақсади таъмини шаффофият ва эътимоднокии амалиётҳо шакли нави автоматикунонидашудаи ҳисоботҳои молиявӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ таҳия карда шуд, ки аз соли равон мавриди амал қарор дода мешавад. 

Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ барои пешрафт ва расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаи суғурта тадбирҳои саривақтӣ ва самаранок андешида истодааст. Дар ин раванд, Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон ва ташкилотҳои суғуртавиро зарур аст, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. 

NBTL5250-3.JPG

Сипас, сардори идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Дилбар Ҳусейнова бо пешниҳоди рӯнамоии муфассал оид ба “Вазъи бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022” аҳли нишастро бо нишондиҳандаҳои асосии бозори суғурта ва тағйирёбии онҳо шинос намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки дар соли 2022 дороиҳои низоми суғурта ба сатҳи баландтарини худ расиданд. Аз ҷумла, дороиҳои пардохтпазири низоми суғурта дар соли зикршуда ба 82,9% баробар шуданд. Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумотҳои фаврӣ саҳми дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявӣ 2,1 фоизро ташкил намуда, назар ба ММД бошад, ба 0,6 фоиз баробар шуд. Сармояи худӣ дар соли 2022 ба андозаи 20,6 фоиз афзоиш ёфта, сармояи оинномавӣ бошад, 18,6 фоиз зиёд шуд.

Дар фарҷом, таъкид карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон омода аст, ҷиҳати ҳалли ҳамагуна мушкилотҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ дар доираи ваколатҳои худ мусоидат намояд. 

NBTL5345-4.JPG

Дар бахши муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба роҳ мондани суғуртаи фосилавӣ бо истифода аз барномаҳои махсус, ҷоннок кардани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти суғуртакунонии маҳсулотҳои бонкӣ фикру андешаҳои худро баён намуданд. 

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа аз масъулини ташкилотҳои суғуртавӣ даъват ба амал овард, ки дар самти таъмин намудани раванди иҷроиши пурраи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №211 аз 31 марти соли 2020, таъсис додани шӯрои нозирон дар ташкилотҳои суғуртавӣ, таъсис додани намояндагиҳо дар минтақаҳои кишвар, пешниҳоди хизматрасониҳои нави суғуртавӣ ба аҳолӣ, вусъат додани робита бо ҷомеа дар самти маърифатнокии суғуртавӣ, аъзошавии ташкилотҳои суғуртавӣ ба Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон, сода ва шаффоф анҷом додани пардохтҳои суғуртавӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ



Возврат к списку