Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
21.02.2023

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд

I
Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
  • Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ;
  • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт афзалият дода мешавад;
  • Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • Маҳорати кор дар компютер, донистани ҳатмии барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
  • Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дода мешавад.
  • Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

II
Мутахассиси пешбари шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ (2 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкдорӣ;
  • Доштани дониши хуб дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
  • Доштани дониши базавии эконометрикӣ афзалият дорад;
  • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, афзалият дода мешавад;
  • Доштани қобилияти кофии таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамову маъруза дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ;
  • Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • Малакаи касбии кор бо компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмӣ ва донистани дигар барномаҳо MATLAB, SPSS ва Eviews афзалият дорад;
  • Маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ.;
  • Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дода мешавад.
  • Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

III
Мутахассиси дараҷаи I-и шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;

  • Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;

  • Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;

  • Маҳорати баланди кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмӣ ва донистани дигар барномаҳо (MATLAB, SPSS ва Eviews) афзалият дорад;

  • Донистани забони давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 13 марти с.2023


Возврат к списку