Cавол ва ҷавобҳо аз барномаи мустақими “Телевизиони Тоҷикистон” бо иштироки кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ
“Телевизиони Тоҷикистон”, 15.07.2023
"Телевизиони Тоҷикистон”: Моҳияти ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар барои тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар чист?
Шуҳрат Салоҳиддинов: Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар барои тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои инсонию коррупсионӣ ҳангоми пардохтҳои муздноки давлатӣ ва албатта, осону қуллай намудани раванди пардохтҳо ба аҳолӣ равона шудааст.
Қайд намудан зарур аст, ки афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ барои коҳиш додани ҳаҷми муомилоти ғайрирасмӣ таъсири мусбӣ мерасонад ва бевосита барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии давлат ва ҷалби сармояи хориҷӣ низ ба кишварамон таъсир мерасонад. Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпойиро дар назди банкоматҳо ё ин ки дар назди хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз байн мебарад ва бевосита боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар аксарияти давлатҳои тараққикарда теъдоди асосии пардохтҳо ҳангоми хариди молу хизматрасонӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад. Пардохтҳои нақдӣ бошад, як ҳиссаи ночизро ташкил медиҳанд. Албатта, қабули фармони мазкур ба мо имконият медиҳад, ки ба мисли давлатҳои тараққикарда ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар муомилоти кишварамон афзоиш диҳем. Вақте сухан сари шаффофият меравад, мо чиро дар назар дорем? Яъне, вақте ба таври ғайринақдӣ пардохт менамоед, ҳамаи амалиётҳо дар низомҳои иттилоотии вазорату идораҳо ва низомҳои иттилоотии бонкҳо сабт мегарданд. Дар ин сурат, муомилоти ғайрирасмӣ аз байн меравад. Ин бевосита барои шаффофияти иқтисодиёт ва ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат мерасонад.
"Телевизиони Тоҷикистон”: Ташаккури зиёд. Ёдовар мешавем, ки ба роҳ мондани пардохтҳои ғайринақдӣ барои сарфаи вақт ва кам кардани хароҷоти иловагӣ таъсири мусбат мерасонад. Вобаста ба мафҳуми пардохти ғайринақдӣ, ки қисме аз шаҳрвандон асосан ба ҳамин савол ҷавоб меҷӯянд, мехостем андешаҳои худро баён намоед. Яъне, худи мафҳуми пардохти ғайринақдӣ чист?
Фурқат Раҳматов: Ташаккур. Мусаллам аст, ки рушди пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз рукнҳои асосии татбиқи сиёсати пулӣ, таъмини суботи молиявӣ ва пешрафти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Агар ба мафҳуми пардохти ғайринақдӣ назар афканем онро метавон шарҳ диҳем: пардохтҳои ғайринақдӣ ин амалиётҳое мебошанд, ки ҳангоми анҷом додани онҳо пули нақд тамоман истифода бурда намешавад. Пардохтҳои ғайринақдӣ танҳо таввасути воситаҳои электронии пардохтӣ, яъне кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамиёнҳои электронии пардохтӣ ва ё он бо истифодаи маблағҳое, ки дар суратҳисобҳои бонкӣ нигоҳ дошта мешаванд, анҷом дода мешаванд. Пардохтҳои ғайринақдӣ аз рӯи моҳияти худ муомилоти пулиро суръат бахшида, ҳаҷми пули нақдро дар муомилот кам мекунанд ва хароҷотро дар ин самт, яъне муомилоти пулӣ коҳиш медиҳанд. Умуман, пардохтҳои ғайринақдӣ баъди оммавӣ гаштани истифодабарии онҳо ба иқтисодиёти кишвар, ба субъектҳои хоҷагидорӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва аҳолӣ як қатор бартариятҳо меоранд. Хусусан, ба аҳолӣ. Агар бартариятҳоро номбар намоем, онҳо чунинанд: пардохтҳои ғайринақдӣ имконият медиҳанд, ки мо онҳоро ба таври фосилавӣ анҷом диҳем, яъне бо истифода аз кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ, замимабарномаҳои мобилӣ. Инчунин, ин пардохтҳо бо суръати тез гузаронида мешаванд. Аз тарафи дигар, бехатарии пардохтҳо таъмин карда мешавад.
Тавре дар боло қайд намудем, пули нақд барои мо қариб, ки лозим намешавад ва мо онро аз ҳама гуна хавфҳо эмин нигоҳ менамоем. Аз тарафи дигар, мо метавонем таввасути пардохтҳои ғайринақдӣ назорати даромаду хароҷоти худро таъмин намоем, зеро амалиётҳо дар барномаҳо сабт мегарданд ва мо дилхоҳ вақт метавонем онҳоро аз назар гузаронем.
Бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ, суратҳисобҳои бонкӣ ва замимабарномаҳои мобилии ташкилотҳои қарзӣ молиявӣ шаҳрвандонро водор мекунанд, ки қоидаҳо ва тарзи бехатарии истифодабарии онҳоро омӯхта, саводнокии молиявиро худро баланд бардоранд.
"Телевизиони Тоҷикистон”: Яъне таввасути ба роҳ мондани пардохтҳои ғайринақдӣ бо смартфонҳо муштариён имкон доранд, ки таърихи пардохти худро назорат кунанд?
Фурқат Раҳматов: Ҳангоми истифода бурдан аз замимабарномаҳои мобилӣ ҳамагуна пардохтҳое, ки анҷом дода мешаванд, дарҳол дар телефони мобилӣ ва барномаи мобилӣ сабт карда мешаванд ва дилхоҳ вақт имкон доред маълумот оид ба даромад ва хароҷоти худро дастрас намоед.
"Телевизиони Тоҷикистон”: Тамошобини Телевизиони “Тоҷикистон Маъруф Азимзода аз шаҳри Душанбе савол додааст, ки “Хизматрасониҳои давлатӣ бо кадом воситаҳо пардохт карда мешаванд”?
Шуҳрат Салоҳиддинов: Имконияти пардохтҳои ғайринақдӣ имрӯз васеъ аст. Мо пардохтҳои худро метавонем тавассути корти пардохтӣ, замимабарномаҳои мобилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, интернетбонкинг, таввасути QR рамзҳо ва пост терминалҳо анҷом диҳем.
Агар шаҳрванд чунин воситаҳои пардохти ғайринақдӣ надошта бошад, зарур аст, ки як маротиба ба ташкилоти қарзии молиявӣ муроҷиат намояд. Ташкилоти қарзии молиявӣ дар муҳлати кӯтоҳ ба ӯ корти пардохтӣ ё дигар воситаро пешкаш менамояд ва истифода бурдани онҳоро низ дар кӯтоҳтарин вақт меомӯзонад.
"Телевизиони Тоҷикистон”: То имрӯз ҷиҳати гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат аз ҷониби низоми бонкӣ кадом тадбирҳо андешида шудаанд. Зеро шурӯъ аз 1-уми августи соли ҷорӣ тамоми пардохтҳои андоз, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет танҳои тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад?
Салоҳиддин Мирзоахмедов: Бояд қайд намуд, ки солҳои охир Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати тавсеи инфросохтори пардохтии давлат як қатор тадбирҳоро ба анҷом расонид. Маврид ба зикр аст, ки дар байни низомҳои муҳимтарини ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо беҳтарин аст ва ба тамоми талаботи байналмилалӣ ҷавобгу мебошад. Бар замми ин, низоми мазкур ба талаботи стандартҳои ICO20022 мутобиқ карда шуда, таввасути он амалиётҳо бе мамоният миёни ташкилотҳои қарзии молиявӣ амалӣ мегарданд. Яке аз тадбирҳои дигари БМТ ин ба роҳ мондани Маркази миллии Протсессингии интиқоли маблағҳо буд, ки пас аз ба фаъолият шурӯъ кардани маркази мазкур рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ афзоиш ёфта, шумораи ҳамёнҳои электронӣ ва кортҳои пардохтии бонкӣ низ зиёд гардиданд. Кори дигаре, ки Бонки миллии Тоҷикистон анҷом додааст, ин ба фаъолият оғоз кадани низоми пардохти “Ватан” мебошад, ки аз 1-уми июли соли ҷорӣ 23 ташкилоти қарзии молиявӣ метавонанд таввасути он амалиётҳои интиқолиро анҷом диҳанд. Лоиҳаи дигари Бонки миллӣ, ин ҷорӣ намудани QR рамзи ягона мебошад.
Бинандагони гиромӣ огоҳ ҳастанд, ки дар марказҳои хизматрасонӣ ва ё дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ QR рамзҳо насб карда шудаанд ва ҳатто имрзҳо дар як нуқтаи хизматрасонӣ 5 - 6 адад QR рамзҳо ба назар мерасад. Бонки миллии Тоҷикистон иқдом гирифт, ки барои ба мизоҷон содда намудани амалиётҳои пардохтӣ QR рамзи ягонаро ба роҳ монад. Дар ин самт таъиноти барномавии зарурии БМТ таҳия шуда, татбиқи он айни замон идома дорад. Қобили қайд аст, ки тамоми хизматрасониҳои молиявии рақамӣ бояд бо санадаҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор танзим гарданд. Бонки миллии Тоҷикистон дар ин ҷода низ саъю кушиш ба харҷ дода, тамоми санадҳои меъёрие, ки бояд номуайянии ҳуқуқиро аз байн баранд, пурра ба тасвиб расонид. Айни замон низоми бонкӣ метавонад хизматрасонии рақамии навро мавриди истифодаи мизоҷон гардонад.
"Телевизиони Тоҷикистон”: Бинандаи Телевизиони “Тоҷикистон” Сафарбек Комилов аз ноҳия А. Ҷомӣ савол додааст, ки вақтҳои охир овозаҳо ҳаст, ки барои пардохт кардани хизматрасониҳои давлатӣ танҳо кортҳои пардохтии Амонатбонк истифода истифода мешавад. Ин суханҳо то куҷо ҳақиқат дорад?
Фурқат Раҳматов: Ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд, зеро ҳангоми пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ истифодабарии кортҳои пардохтии дилхоҳ ташкилоти карзии молиявӣ имконпазир мебошад. Имрӯз бо талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон истифодаи кортҳои пардохтӣ аз низоми пардохти Корти миллӣ ягон мамоният вуҷуд надорад ва аҳолӣ метавонад бо кортҳои пардохтии дилхоҳ ташкилотҳои қарзии молиявӣ хизматрасониҳои давлатиро пардохт намояд.
"Телевизиони Тоҷикистон”: Тамошобини Телевизиони “Тоҷикистон” Муҳаммадҷон Салимов аз ноҳияи Ёвон мепурсад, ки QR рамз чист ва дар кадом мавридҳо истифода бурда мешавад?
Салоҳиддин Мирзоахмедов: QR рамз ин худ як рамзи матритсагие мебошад, ки маълумотро вобаста ба мушахассоти интиқоли маблағ дар худ сабт мекунад. Айни замон, тавре қайд кардем, лоиҳаи QR рамз татбиқ шудааст ва аз фурсати муносиб онро ба тамошобинон муаррифӣ намоем.
Ҳамзамон қайд менамоем, ки ҳангоми истифода бурдани QR рамз, яъне пардохт кардани он бояд аз ҳамёни электронӣ ё замимабарномаи мобилӣ истифода бурдан зарур аст. Шаҳрванд дар нуқтаи хизматрасонӣ ҳангоми пардохт намудани мол ва ё дилхоҳ хизматрасонӣ QR рамзро нусхагирӣ менамояд ва пардохти худро дар як сония ба итмом мерасонад.
"Телевизиони Тоҷикистон”: Вазъи феълии инфросохтори пардохтии мамлакат имрӯз дар кадом ҳолат қарор дорад? Аз ҷумла, теъдоди истифодабарандагони кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва ғайра чӣ қадар аст? Умуман, рақамҳо дар ин самт аз чӣ шаҳодат медиҳанд?
Шуҳрат Салоҳиддинов: Ташаккури зиёд. Ба туфайли оромию осоиштагӣ дар кишварамон ва инчунин бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагон шоҳиди он гаштаем, ки иқтисодиёти кишварамон бахусус, бонкҳо бо суръат рушд ёфта истодаанд.
Имрӯзҳо ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар баробари дигар вазорату идораҳо давлатӣ технологияҳои муосирро ба кишварамон ворид намуда истодаанд ва ин технологияҳо имкон дода истодаанд, ки мо хизматрасониҳои навро, ки ба рақамикунонӣ асос ёфтаанд, пешниҳод намоем. Тавре қайд карда шуд, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ замимабарномаҳои мобилӣ, кортҳои пардохтии бонкӣ, интернетбонкинг ва дигар воситаҳо аллакай татбиқ гардида, пардохтҳо таввасути воситаҳои электронии пардохт рӯз аз рӯз рушд ёфта истодааст. Айни замон дар қаламрави кишварамон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ зиёда аз 6 миллион кортҳои пардохтии бонкӣ бароварда шуда, наздиқ ба 8 миллион ҳамёнҳои электронӣ интишор шудааст. Инчунин, барои пардохт кардан дар нуқтаҳои пардохт ва хизматрасонӣ постерминалҳои муосир алакай харидорӣ гардида, насб карда шудаанд. Ҳамзамон, технологияи QR рамз низ татбиқ шуда дар нуқтаҳои харид ва хизматрасониҳо 4600 адад пост терминалҳо аллакай насб шуда, мавриди истифода қарор доранд. Илова бар ин, зиёда аз 20 ҳазор QR рамзҳо насб шудаанд, ин ҳама имконият медиҳад, ки аҳолии кишварамон пардохтҳои ғайринақдиро ба таври қулай ва осон анҷом диҳанд. Маврид ба зикр аст, ки аз нисф зиёди аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ҷавонон худ истифодабарандагони фаъоли замимабарномаҳои мобилӣ мебошанд.
Тавре мушоҳида мешавад, онҳо бо ҳушҳолии хос ва ҳавасмандӣ воситаҳои электронии пардохтиро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ истифода мекунанд. Мо сол аз сол тавассути омор мушоҳида менамоем, ки ин шакли пардохти хизматрасониҳо зиёд шуда истодаанд. Агар дар охири соли 2022 таносуби пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ 12% ба 88% буд, яъне ҳамагӣ 12% - и пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ буданду 88% - и онҳо ба таври нақдӣ. Дар 6 моҳи охир ҳамин таносуб ба 17% ва 83% баробар шуд, яъне 5 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки сол ба сол истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ зиёд мешаванд, ки ин бевоста ба афзоиши ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ мусоидат менамояд.
"Телевизиони Тоҷикистон”: Кадом чораҳои ҳавасмандгардонӣ барои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ татбиқ шуда истодааст?
Насим Охунов: Бояд қайд намоем, ки имрӯз аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ молиявӣ ҷиҳати тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва оммавигардонии истифодаи васеи воситаҳои электронии пардохтӣ якчанд чораҳои ҳавасмандгардонӣ амалӣ шуда истодааст, ки мо инро дар шакли пешниҳоди кешбекҳо, тахфифҳо, пешниҳоди кортҳои беном ва ғайра дида истодаем.
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ин раванд ҷиҳати саривақт ва ба таври фаврӣ хизматрасонӣ намудани мизоҷон кортҳоро ба таври ройгон ва беном пешниҳод менамоянд. Низоми кешбек бошад, аз зумраи низомҳои нав дар Тоҷикистон аст ва онро шарҳ медиҳем. Ин раванд ба муштарӣ як қисми маблағи он пардохтеро барои харидори мол хизматрасонӣ, ки муштарӣ аллакай анҷом додааст, бармегадонад. Ҳамзамон, ҷиҳати маъмулигардонии кешбек заминаи ҳуқуқие низ қабул шудааст. Дар таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқаррароти махсус андозбандӣ нагардидани ҳам ташкилоти пардохткунанда ва ҳам гирандаи даромад, яъне шахси воқеӣ пешбинӣ гардид. Иқдоми дигаре, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва маъмулгардонии воситаҳои электронии пардохтӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ молиявӣ пешниҳор шуда истодааст, ин иқдомҳои гуногун аз қабили бозиҳои бурднок, лотореяҳои гуногун мебошанд.
"Телевизиони Тоҷикистон”: Бинандаи Телевизиони “Тоҷикистон” Муҳаммад, сокини ноҳияи Кушониён суол кардааст, ки “Аз 1-уми августи соли равон сар карда маблағи ҳаққи истифодабарии қувваи барқро нақдӣ месупоранд ё ин ки таввасути замимабарномаҳои мобилӣ? ”
Насим Охунов: Тавре дар боло қайд шуд, то имрӯз замимабарномаҳои мобилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ имконияти пардохти хизматрасониҳои комуналӣ ва дигар хизматрасониҳо, аз қабили, ҳаққи истифодаи қувваи барқро шароити мусоидро фароҳам овардаанд. Шаҳрвандон метавонанд аз замимабарномаи дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявӣ истифода намуда, ҳаққи хизматрасониҳои комуналиро пардохт намоянд. Барои пардохт кардани ҳаққи ин гуна хизматрасониҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағи иловагӣ ё фоиз ситонида намешавад.
"Телевизиони Тоҷикистон”: тамошобини дигар, Комилова Хиромон аз ноҳия Ёвон савол кардааст, ки “Аҳолӣ барои гирифтани корти пардохтӣ ба кадом ташкилоти қарзии молиявӣ бояд муроҷиат намояд?”
Салоҳиддин Мирзоахмедов: Бояд қайд намоем, ки айни замон 20 ташкилоти қарзии молиявӣ ба барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ машғул мебошанд. Ҳар як ташкилоти қарзӣ воҳидҳои сохтории худро дорад, шаҳрвандони мо метавонанд аз дилхоҳ ташкилоти қарзие, ки ба барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ машғул аст, бевосита ба филиалҳои ин ташкилотҳои қарзии молиявӣ ё ин ки марказҳои хизматрасониҳои онҳо муроҷиат намуда, вобаста ба гирифтани корти пардохтии бонкӣ дархост гузоранд. Бархе аз ин ташкилотҳо ҳамин равандро фосилавӣ ба роҳ мондаанд ва шаҳрвандон метавонанд ба воситаи замимабарномаи мобилии ташкилотҳои қарзӣ ё ин ки дар сомонаи расмии ин ташкилот дархост гузошта, пас аз ба телефони мобилӣ омадани смс-паёмак ва огоҳӣ оид ба омода шудани корт, онро дастрас намоянд.
"Телевизиони Тоҷикистон”: Хотиррасон менамоем, ки дар барномаи мо оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар барои тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон Шуҳрат Салоҳиддинов, Насим Охунов, Фурқат Раҳматов ва Салоҳиддин Мирзоахмедов ширкат варзиданд.
Барои иштироки фаъолона ва посухи мукаммалу муфассал ба саволҳои манзуршуда ба иштирокдорони барнома изҳори сипос менамоем!
Шуъбаи матбуоти БМТ