Бисту се соли босамари пули миллӣ – сомонӣ

Бойгонии ахбор
30.10.2023

Бисту се соли босамари пули миллӣ – сомонӣ

 Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ
бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.    

                                                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

30 октябри соли 2023 аз рӯзи ба муомилот баромадани пули миллӣ – сомонӣ бисту се сол сипарӣ гардид ва ин яке аз рӯйдодҳои бузургтарини таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

26 октябри соли 2000 бо мақсади такмили минбаъдаи низоми пулӣ ва дар ин замина баланд бардоштани устувории пули миллӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии «сомонӣ» ба имзо расид. Тибқи фармони мазкур аз 30 октябри соли 2000 сомонӣ воҳиди пули Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид ва он ҳамчун воситаи ягона ва номаҳдуди пардохт дар тамоми қаламрави кишвар ҳисобида шуд.

пули милли.jpg

Сипас, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000  Бонки миллии Тоҷикистон амали пурра ва пурсамари низоми  пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи пули миллиро ҳамчун воситаи ягона ва номаҳдуди пардохт дар тамоми қаламрави мамлакат таъмин намуд, сиёсати пулию қарзиеро, ки устувории пулии миллӣ ва қобилияти харидории онро таъмин месозад дар амал татбиқ кард ва тадбирҳоеро андешид, ки барои дар дохил ва хориҷ кишвар қобили мубодилаи пурраи асъорӣ  будани сомонӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуданд.

Баъди зиёда аз 10 моҳи дар муомилот арзи ҳастӣ намудани сомонию дирамҳои коғазӣ, 3 сентябри соли 2001 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили сохтори низоми пули кишвар ба муомилот тангаҳои филизии арзишашон 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50 дирам бароварда шуданд, ки онҳо бо пулҳои коғазии  ҳамарзиш баробар гардиш мекунанд.

Сарчашмаҳои таърихӣ гаштаю баргашта шаҳодат медиҳанд, ки тоҷикон чун яке аз миллатҳои куҳани сайёраи мо таърихи хеле тӯлонии  муомилоти пулӣ доранд. Тавре аз навиштаҳои муаррихон бармеояд, муомилоти пулӣ дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз асри V пеш аз милод, яъне аз даврони ҳукмронии империяи ориёии Ҳахоманишиҳо, ки Осиёи Марказӣ чун як ҷузъи таркибии он ба шумор мерафт, ибтидо мегирад.

Осори таърихии олимони он давра аз он шаҳодат медиҳад, ки марҳилаи рушду такомули сикказанӣ ва муомилоти пулию молӣ ба даврони аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Сомониён (875-999) рост меояд.  Дар он давра дар сарзамини ин давлати машҳуру тараққикарда, ки номаш вирди забони оламиён буд, қариб 30 маркази сикказанӣ вуҷуд дошт. Тавре ҳамагон шоҳид шудем, баъди ҳазор сол Ҷумҳурии Тоҷикистон боз соҳиби пули миллии худ гардид.

Ба муомилот ворид гаштани пули миллӣ дар таъмин ва таҳкими истиқлолияти мамлакат нақши муҳим бозида, ба ташкили низоми пулӣ, татбиқи воқеии барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, ки принсипҳои асосии онро Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар оғози дигаргунсозиҳои иқтисоди бозорӣ муайян карда буданд, замина гузошт.

Фазои худии пулӣ ва пардохтӣ, ташкили низоми бонкии дусатҳа барои мӯътадилгардонии макроиқтисодӣ, ки дар он ба сиёсати монетарии Бонки миллӣ нақши асосӣ ҷудо карда шуда буд, шароити зарурӣ фароҳам овард.         

Баробари ба муомилот ворид шудани сомонӣ, ки шаҳодати оғози рушду нумӯи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои мусбати ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ ба шумор мерафт, дар назди низоми бонкии мамлакат вазифаҳои наву масъулиятнокро гузошта буд. Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакати мо дар маҷмӯъ ба низоми умумиҷаҳонии бонкӣ шомил гардид. Моро зарур буд, ки ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки аксари падидаҳои низоми бонкии дунёро дар таҷрибаи хеш ҷорӣ намоем ва тавонем мисли онҳо ҳамқадами ҳаёт бошем. Баъди ба меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ гузаштани низоми бонкдории Тоҷикистон имконият фароҳам омад, ки ҳамкорӣ ба низоми бонкии ҷаҳонӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

Фаромӯш набояд кард, ки сомонӣ на танҳо воситаи молиявӣ, балки яке аз рамзҳои муҳим ва асосии давлатдорӣ мебошад. Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки пули миллӣ – сомонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ соҳиби обрӯю эҳтиром аст ва рамзи арзандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Имрӯз сомонӣ барои инкишофи муътадили тамоми соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамчун воситаи боэътимод молиявӣ хизмат мекунад.

Сиёсати пулию қарзии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мешавад, маҳз ноил шудан ба сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва нигоҳ доштани он дар давраи дарозмуҳлат, пешгирӣ намудани афзоиши таваррум ва таъмини устувории қурби пули миллӣ, қобилияти харидории он равона карда шудааст. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои номбурда пайваста тадбирҳои мушаххаси амалӣ меандешад. Имрӯз тамоми созмонҳои сиёсию иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод эътироф доранд ва ҳамкориҳои судманду ҳамаҷонибаро бо он густариш медиҳанд.

Дар давраи баъди ба муомилот баромадани сомонӣ дар иқтисодиёти давлати тозабунёди мо тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Суръати миёнаи рушди иқтисодиёт дар як сол беш аз 8 фоизро ташкил намуд. Сатҳи таваррум аз 60,1 фоизи дар соли 2000 ба 3,9 фоиз дар 9 моҳи соли 2023 расонида шуд. 

Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар таҷрибаи кофӣ дорад ва ҳамкориҳоро бо чунин созмонҳои бузургтарини молиявӣ, аз қабили Бонки Аврупоии  Таҷдид ва Рушд, Хазинаи Байналхалқии Асъор, Бонки Исломии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Корпоратсияи байналмилалии Молиявии, Хазинаҳои мамолики араб ва бо як қатори бонкҳои азими  мамлакатҳои хориҷӣ муносибатҳои дуҷонибаи судмандро ҳамаҷониба густариш медиҳад. Имрӯз як қатор барномаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ сармоягузорӣ мешаванд.   

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ тамоми шароитҳоро муҳайё сохтааст.

Боиси хушнудист дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар Тоҷикистон якчанд бонки хориҷӣ ва намояндагиҳои онҳо ташкил ва ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Қобили қайд аст, ки дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30 сентябри соли 2023 дар маҷмуъ 63 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, як адад бонки исломӣ, як адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 25 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, аз ҷониби низоми бонкии кишвар фаъолияти ҳадафманду натиҷабахш ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа, сатҳи муътадили тавварум ва устувории қурби пулли миллӣ нигоҳ дошта шуда, пасандозҳо дар низом зиёд гардидаанд ва ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода коҳиш дода шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023) аз ҷониби низоми бонкии кишвар дар маҷмӯъ 9 миллиарду 276 миллион сомонӣ қарз пешниҳод карда шуд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2,7 миллиард сомонӣ ё 42 фоиз зиёд мебошад. 

Мавриди зикр аст, ки ба санаи ҳисоботӣ бақияи пасандозҳо қариб 17,0 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,9 фоиз ё 5,5 миллиард сомонӣ зиёд гардидааст, ки аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои мусбии фаъолияти низоми бонкии кишвар мебошад.

Имрӯз аз пештара дида масъалаи баланд бардоштани боварии мардум ба бонкҳо, ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ аз вазифаҳои муҳим дар назди кормандони низоми бонкӣ ба шумор мераванд ва аз онҳо андешидани тамоми чораҳоро талаб мекунанд.

Нишондиҳандаи дигаре, ки аз баланд шудани эътимоди аҳолӣ нисбат ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад, ин зиёд шудани шумораи муштариён мебошад, ки аз хизматгузории бонкӣ истифода мебаранд. Боиси тазаккур аст, ки теъдоди ин гуна муштариён сол аз сол меафзояд. 

Аллакай дар амал ҷорӣ шудани низоми электронии пардохт, истифодаи кортҳои пардохтӣ, QR- рамзҳо, постерминалу банкоматҳо дар фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ низ аз омилҳое ба шумор мераванд, ки имконият доданд боварии мардум ба низоми бонкдорӣ боз ҳам баландтар гардад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати инкишоф ва такмил додани фаъолияти низоми пардохтӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Яке аз роҳҳои зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ин ҳамчун воситаи пардохт васеъ истифода бурдани кортҳои пардохтии бонкӣ мебошад.

Бонкҳои тиҷоратӣ барои афзун намудани иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона мусоидат мекунанд. Дар айни замон бонкҳои ҷумҳурӣ аз қабили ҶСК «Ориёнбонк», КВД БА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК "Бонки Эсхата" ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ҶСП Бонки “Арванд,” ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон", ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Алиф Бонк”, КВД БССТ "Саноатсодиротбонк", ҶСП "Душанбе Сити Бонк", ҶСК "Тавҳидбонк" ва ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар рушди соҳа саҳми босазо мегузоранд 

Дар нимсолаи якуми соли равон тамоюли таҳким ёфтани шароити макроиқтисодӣ ва устувор гаштани муҳимтарин нишондиҳандаҳо идома ёфт, аз ҷумла Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (ММД) кишвар ба 54,2 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардид. Сатҳи таваррум бошад, дар давраи ҳисоботӣ 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад. 

Маблағгузории қарзӣ ба иқтисодиёт сол то сол меафзояд. Қарздиҳии хурд яке аз манбаъҳои асосии захираҳои молиявӣ баҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон ҳам талабот ба қарзҳои хурд хеле зиёд аст. Инро ба назар гирифта, Бонки миллии Тоҷикистон барои ривоҷ додани ин бахш тадбирҳои судманд андешид.

Бонки миллии Точикистон дар ин самт фаъолияти худро бо сармоягузорони хориҷӣ суръат бахшида, баҳри он заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоидро фароҳам меорад, то ки маблағҳои ба воситаи бонкҳо, ташкилотҳои қарзии амонатии хурд ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ҷалбшуда на танҳо дар шаҳру ноҳияҳои калон, балки дар ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ низ ҳамчун қарзҳои хурд дода шаванд.

Дар фароварди гуфтаҳои боло қайд кардан зарур аст, ки пули миллии тамоми тоҷикистониён-сомонӣ, ки 23-сола мешавад, дорои қурби устувор ва қобилияти баланди харидорӣ буда, дар байни пулҳои миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун асъори устувору муътадил мавқеи хосро ишғол менамояд.  

Шуъбаи матбуоти
БМТ       

                                              


Возврат к списку