3 ноябри соли 2023 ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва иштироки муовинони раиси бонк Фируз Шарифзода, Алиҷон Салимзода ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар оғози ҳамоиш аҳли нишастро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуд. Номбурда изҳор дошт, ки 6 ноябри соли 1994, яъне бисту нуҳ сол пеш, дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дастоварди бузурги таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад.
Таъкид карда шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон шароити душвори таърихӣ дар баробари соҳибихтиёрӣ ба шаҳрвандони кишвар имкон дод, то аз тамоми ҳуқуқҳои инсонӣ бархурдор гардида, ба нафъи ҷамъият ва ободонии Ватани худ кору фаъолият намоянд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсоз асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии онро танзим намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кард ва эътимоду боварии мардуми Тоҷикистонро ба ояндаи дурахшон ва ҳаёти хушбахтона таҳким бахшид.
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистон истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян намуд. Қабули Конститутсия – майлу иродаи шаҳрвандон барои таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои худ, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд ва дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор гардид. Конститутсияи Тоҷикистон шароит ва имкони мусоид фароҳам овард, то мардуми тоҷик набзи худро бо набзи ҷаҳони имрӯза ҳамсадо созад.
Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат барои рушди давлати демократӣ замина гузошта, аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки бо шарофати он орзуву омоли гузаштагони мо ҷомаи амал пӯшид. Қобили қайд аст, ки ин санади муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ аввалин ҳуҷҷати сатҳи олии кишвар мебошад, ки на аз номи халқ, балки аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд ва бо умеди бунёди ҷомеаи озоду демократӣ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва эълон гардид.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва қабули Конститутсия бо мақсади гузариш ба иқтисоди бозорӣ ба ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат шуруъ намуд, ки ҳадафи асосии он боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ, соҳибкории ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.
Дар ҷараёни маҷлис бо итминони комил иброз карда шуд, ки мардуми азизи Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати созандаи давлату ҳукуматро ҷонибдорӣ карда, бо кӯшишу талошҳои пайваста дастовардҳои беназири кишварро афзун мегардонанд ва дар ҳалли вазифаҳои ҳаётан муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзу таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи умури ҳуқуқии Идораи ҳуқуқ Неъматов Бурҳон дар мавзуи “Конститутсия ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуд.
Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Ҳасан Султон ва раиси Шӯрои ҷавонони бонк Фаромуз Раҳмонзода дар мавзуи “Ватан ва Конститутсия”суханронӣ ва порчаҳои шеъриро аз эҷодиёти адибони барҷастаи тоҷик қироат намуданд.
Дар қисмати ҷамъбасти ҳамоиши тантанавӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бори дигар ҳозиринро бо муносибати фарорасии ҷашни бузург ва фархунда – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, изҳор дошт, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш менамоянд, ки муқаррароти Конститутсияро сармашқи кору зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор дода, бо фаъолияти созандаву самарабахш дар пешрафти низоми бонкии мамлакат, ҳаёти иқтисодию молиявии он ҳиссагузор бошанд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ