15 ноябри соли 2023 бо ташабусси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор ҳамоиш дар доираи ЭКСПО 2023 – Рушди соҳибкории занон баргузор гардид.
Нахуст, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, роҳбарони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии СММ – занон дар Тоҷикистон, намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон ва доираи васеи бонувони соҳибкор бо маҳсулотҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ, занони соҳибкор ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар намоишгоҳи ҳамоиш пешниҳод шуда буданд, шинос шуда, дар ифтитоҳи расмии чорабинии мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сипас, тибқи нақша баъди нисфирӯзӣ ҳамоиш дар ҷаласаҳои панелӣ идома ёфта, мавзуъҳои “Нақш ва саҳми занон дар соҳаи агробизнес”, “Рушди тиҷорати электронӣ, соҳибкории ҷавонон ва иқтисоди сабз” ва “Дастрасии занон ба воситаҳои молиявӣ, таҷрибаи кишварҳои пешқадам дар самти роҳандозии маҳсулоти ҷанбаҳои гендерӣ дошта” мавриди баррасӣ ва табодули афкори иштирокдорони ҳамоиш қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар баробари дигар панелҳои соҳавӣ панели сеюм дар мавзуи “Дастрасии занон ба воситаҳои молиявӣ, таҷрибаи кишварҳои пешқадам дар самти роҳандозии маҳсулоти ҷанбаҳои гендерӣ дошта” таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо иштироки сармоягузорон, соҳибкорони дохилию хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ кори худро оғоз намуд.
Дар ифтитоҳи панели мазкур муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории занону бонувон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Бинобар ин, ҷиҳати пешбурди сиёсати Пешвои миллат солҳои охир Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ислоҳоти низоми бонкӣ, тақвияти сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома бахшида, баҳри таъмини устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт равона намудааст.
Ҳамзамон қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми татбиқкунандаи сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти васеъ намудани дастгирии соҳибкории бонувон бо хизматрасониҳои молиявӣ ва инчунин саривақт, осону бемамониат ва босифат пешниҳод намудани ин хизматрасониҳо корҳои муайянро анҷом дода истодааст.
Таъкид карда шуд, ки дар 9 моҳи соли 2023 аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба зиёда аз 675 ҳазор занону бонувон ба маблағи беш аз 3 миллиарду 570 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,6 баробар зиёд мебошад.
Танҳо дар панҷ соли охир ва 9 моҳи соли 2023 маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 16,0 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Гулбаҳор Назирӣ дар идома қайд намуд, ки дар доираи татбиқи самараноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, таҳти №314 Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Стратегия бахши махсуси маҷмуӣ оид ба васеъ кардани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон ва ҷавонон муайян карда шудааст, ки ин ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини баробарии гендерӣ ва рушди иҷтимоии ҷавонон бевосита таъсири мусбӣ мерасонад.
Инчунин, номбурда иброз дошт, ки соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР лоиҳаи фарогирии молиявии гендериро оғоз намуданд, ки он тавассути баимзорасонии Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сурат гирифт.
Баимзорасонии Созишномаи мазкур ба фарогирии бештари молиявӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мутобиқи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” заминаи мусоид фароҳам меорад.
Илова бар ин, бо мақсади васеъ гардидани доираи фарогирии молиявӣ дар кишвар ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ лоиҳаҳои гуногунро ҷиҳати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда истодааст.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ изҳори умедворӣ намуд, ки дар сатҳи баланд баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди минбаъдаи соҳибкории бонувон ва ҷалби бештари занону духтарон ба низоми бонкию молиявӣ мусоидат хоҳанд кард.
Сипас, бо пешниҳоди Гулбаҳор Назирӣ аз ҷониби Манзура Ғафурова, директори “Маркази табобатии ташхисии Шафқат”, Шаҳло Сайфзода, муовини раиси Раёсати КВД БА ҶТ "Амонатбонк", Шоира Содиқова, раиси Раёсати ҶСП Бонки “Арванд”, Дилдора Таҷибаева, ҳамоҳангсози Барномаи “Занҳо дар тиҷорат”–и Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Татяна Баклажанская, роҳбари Лоиҳаи ташкили фаъолияти Маркази дастгирии иҷтимоии “Тен қоғам” дар мавзуъҳои “Нақши Амонатбонк дар беҳтар намудани дастрасии занон ба қарзҳо”, “Воситаҳои молиявӣ: Таҷрибаи бонк дар самти роҳандозии маҳсулоти ҷанбаҳои гендеридошта”, “Таъмини фарогирии молиявӣ барои корхонаҳои хурду миёна зери роҳбарии занон ва самтҳои страгтегӣ оид ба таъмини фарогирии молиявӣ барои корхонаҳои хурду миёна бо роҳбарии занон” ва “Ташкили фаъолияти ”Маркази дастгириии иҷтимоӣ барои шахсони имконияти маҳдуддошта” – и “Тен қоғам” рӯнамоиҳои муфассал манзур карда шуданд, ки дар атрофи онҳо муҳокимарониҳои ҳирфаӣ доир гардиданд.
Зимни ҷамъбасти кори Панели сеюм муовини раиси Бонки миллии Тоҷиикистон Гулбаҳор Назирӣ қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат ҳам дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор дар навбати худ ба таври мунтазам фаъолияти босамарро ба роҳ монда, сатҳу сифат ва шаклу намуди хизматрасониҳои бонкию молиявиро афзун менамоянд ва барои фарогирии молиявии ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, бахусус дастрасии бонувон ба воситаҳои молиявӣ дар мамлакат саҳми шоиста мегузоранд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор занони фаъоли соҳибкор сипосномаҳо тақдим карда шуд.