30 январи соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати роҳбарият ва кормандон оид ба омӯзиши нуктаҳои муҳимми Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.
Нахуст, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Толибзода Фирдавс Назримад чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар Паёми навбатӣ аз тарафи Пешвои миллат ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат дар соли 2023 натиҷагирӣ ва ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи онҳо дар соли 2024 вазифагузорӣ карда шуд. Аз нуктаҳои дар Паём зикршуда бармеояд, ки ҳамаи онҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлатдорӣ, ободию тараққиёти кишвар ва зиндагии шоистаи мардум равона шудаанд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки дар оғози Паём Пешвои муаззами миллат ёдовар шуданд, ки соли 2023 бо вуҷуди душвориҳо барои Тоҷикистон соли бобарор буд ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳо ба назар расиданд. Аз ҷумла, маҷмуи маҳсулоти дохилии дар соли 2023-юм 8,3 фоиз зиёд гардид.
Дар идомаи суханронии худ Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона карда шудааст.
Дар баробари ин, қайд карда шуд, ки ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишоф додани неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвият бахшидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳо аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб мераванд.
Таъкид шуд, ки дар ин давра сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, дар соли 2023 3,8 фоизро ташкил дод ва ин нишондиҳанда дар муқоиса ба кишварҳои минтақа нисбатан хуб арзёбӣ мешавад.
Дар Паём инчунин ба масъалаи афзудани даромади буҷети давлатӣ, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ, пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид, – гуфт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода.
Дар идомаи суханронӣ иброз гардид, ки дар Паёми солона ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар сохтору идораҳо дастур дода шуд, ки ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда шавад ва ҳамгироии фаъолият дар ин самт таъмин гардад.
Инчунин, Пешвои миллат дастур доданд, ки сохторҳои номбурда бо мақсади ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок, бахусус коғазҳои қиматноки «сабз» ва бозори такрорӣ, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, дар Паём масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро дар бунёди ҷомеаи пешрафта таъкид намуда, пешниҳод намуданд, ки ба муносибатии 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад, - қайд кард Фирдавс Толибзода.
Дар идомаи ҷаласа сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода оид ба “Нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза намуд.
Султон Ҳасан Баротзода дар суханронии худ вобаста ба нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла масъалаҳои низоъҳои тиҷоратию муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор шудани муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суръати рушди иқтисоди миллӣ, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин, Султон Ҳасан Баротзода қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат омадааст, ки соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли 2022-ум 22 фоиз зиёд гардида, пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда бошад, 32,1 фоиз зиёд гардид. Қарзҳое, ки ба занону бонувони соҳибкор пешниҳод шудаанд, 30 фоиз афзоиш ёфтанд. Бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 32 фоиз зиёд гардид.
Дар охири суханронии худ Султон Ҳасан Баротзода иброз дошт, ки дар маҷмуъ Паёми Пешвои миллат барномаи раҳнамои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2024 аст, ки ба боло бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар равона шудааст. Аз ин рӯ месазад онро машъали фурӯзонгари роҳи созандагию бунёдкорӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ унвон карда, дастурамали фаъолияти ҳамарӯза қарор диҳем.
Дар бахши ҷамъбастии ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аҳли нишастро даъват намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд. Ҳамчунин, номбурда таъкид намуд, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои нуктаҳои дахлдори Паём Нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда истодааст ва иҷрои саривақтии он вазифаи муҳимми ҳамаи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.