Дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз 19 марти соли 2024 таҳти раёсати раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ва бо иштироки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода, муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва Сироҷиддин Икромӣ, инчунин раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо ва аҳли кормандон дар Бонки миллии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни суханронӣ аҳли нишаст ва дар симои онҳо ҳамаи кормандони низоми бонкии мамлакатро бо фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният гуфт.
Қайд карда шуд, ки Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мост, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ваҳдату иттиҳод, созандагию ободкорӣ, дӯстию инсонпарварӣ ва дигар арзишҳои олии башарӣ мардумро гирди ҳам овардааст. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ иброз доштанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст”.
Воқеан, чордаҳ сол пеш аз ин, яъне 23 феврали соли 2010, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ҷашни Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, акнун дар саросари олам бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
“Тавре медонем, бо гузаштани муддати начандон тулонӣ дар Тоҷикистон низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки беҳтарин армуғони наврӯзии мардуми мо мебошад ва минбаъд барои рушди муназзам ва устувори кишвари мо тамоми шароити заруриро фароҳам овард”- гуфт Фирдавс Толибзода.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузургеро гузошт, ки ташкили давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, таъмини зиндагии шоиста ва оғози раванди созандагиву бунёдкорӣ муҳимтарини онҳо буданд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз ҳам Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва василаи муҳимми пешрафти ҷомеа ва давлати тоҷикон мебошанд. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба монанди бисёр кишварҳои ҷаҳон дар зери таъсири таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ қарор дорад.
Ин ҳолат водор месозад, ки чор ҳадафи стратегии давлатро дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар тадриҷан идома бахшида, амалӣ созем.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта марҳалаи сифатан нави тараққиёти иҷтимоиву иқтисодиро аз сар мегузаронад ва дар ин замина ислоҳоти пайгирона роҳандозӣ шудааст, ки ҳадафи он рушди босуботи иқтисоди миллӣ, тадриҷан паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Дар идомаи суханронии хеш Фирдавс Толибзода қайд намуд, ки 9 марти соли ҷорӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид.
Дар мулоқот Пешвои миллат бори дигар ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори назар намуда, аз ҳамаи сокинони мамлакат риояи ҳатмии муқаррароти ин қонунҳоро талаб намуданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат ба масъалаи риояи анъанаҳои неки аҷдодӣ ва таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ изҳори назар карданд.
Бинобар ин, муҳим аст, ки мо имрӯз барои тарбияи солими насли наврас, ба хусус ҷавонони мамлакат, аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароию террористӣ ҳамроҳ гардида, фазои софу беғубори сулҳу суботи мамлакатро, ки бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии мардуми шарифи Тоҷикистон зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст, дигарбора ғуборолуд созанд.
Ҷавонони моро лозим меояд, ки таъкид дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон, - ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайратмандона меҳнат карда, ворисони арзандаи падару бобоёни худ буданро исбот созанд ва бо ҳисси баланди миллӣ аз Ватан, миллати худ ва забону фарҳангии миллии худ ифтихор намоянд.
Сипас, раиси маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо дар робита ба таърихи пайдоиш ва анъанаҳои Наврӯз дар назди ҳозирин суханронӣ намуд.
Дар қисмати навбатии чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ намояндагони созмони ҷавонони бонк ва бонувони Бонки миллии Тоҷикистон бо шеъру таронаҳои ҷолиби наврӯзӣ руҳияи аҳли нишастро болида гардониданд.
Чун анъанаи нек дар доираи ҷаласаи тантанавӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар байни воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бори дигар қадами файзрезу гулбези Наврӯзи фархундапайро муборакбод гуфта, ба аҳли нишаст саломатӣ ва барори кор орзу намуд.