04.10.2010
Қурби доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ каме поён рафт
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақди ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳат бетағйир боқӣ монда, 4,4600-4,4650 сомониро ташкил дод. Аммо имрӯз, яъне 4 октябр, дар бозори нақди ш.Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА каме поён рафта, ба 4,4550-4,4640 сомонӣ баробар шуд. Дар баробари ин, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби 10 рубли русӣ ва 1 евро андаке афзуда, мувофиқан 1,4500-1,4600 ва 6,0000-6,0500 сомониро ташкил намуданд. Маркази матбуоти БМТ