25.01.2010
Фаъолияти БМТ дар соли 2009 баррасӣ гардид
Натиҷаҳои назаррас ва қобили таваҷҷӯҳи тайи як соли охир, аз қабили дастоварду камбудиҳо дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2009, рафти татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани чораҳои мушаххас барои коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисодиёти мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳим дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 25 январи соли 2010 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чун анъана, дар ибтидои сӯҳбати хеле ҷолиб Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода дар назди рӯзноманигорон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки раванди инкишофи иқтисодиёти мамлакат дар соли 2009 тамоили нисбатан мӯътадилро доро буд ва мушахассоти онро ба таври зайл метавон арзёбӣ кард: 1. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) Дар с.2008 ММД 17706,9 млн. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,9% -ро ташкил дода буд. Соли 2009 бошад, он ба 20622,8 млн. сомонӣ баробар шуд, ки афзоиши воқеии он 3,4%-ро ташкил намуд. 2. Таваррум Дар соли 2008 он 11,8% - ро ташкил дода буд. Соли гузашта бошад, он ба 5,0% баробар шуд. Дурнамои таваррум барои с.2009 дар оғоз то 13,0% ва баъдан то 8,0% дар назар буд. Дурнамои таваррум барои с.2010 то 11,0% муқаррар гардидааст. 3. Тавозуни савдо Гардиши савдои хориҷӣ 3578,7 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2008 23,5% кам аст. Аз ҷумла: Содирот ба 1010,0 млн. долл.ШМА баробар шуд, ки камшавии он 28,2%-ро ташкил дод. Воридот бошад, баробар ба 2568,7 млн. долл.ШМА аст ва камшавии он 21,4% мебошад. Касри тавозуни савдо: - 1558,7 млн. долл.ШМА, камшавӣ нисбат ба соли гузашта 16,4%-ро ташкил дод. 4.Интиқолҳо Ҳаҷми интиқоли маблағҳо дар соли 2009 1833,9 млн. долл. ШМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2008 31,3% кам мебошад. 5. Қурби пул Соли 2009 қурби сомонӣ 26,5% коҳиш ёфт. Соли 2008 бошад, он 0,4% устувор шуда буд. 6. Ҳаҷми пул Пулҳои захиравӣ 2558,0 млн. сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба соли 2008 37,8% (702,2 млн. сомонӣ) зиёд мебошанд. Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда ба 2041,3 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2008 30,3% (475,3 млн. сомонӣ) афзудааст. 7. Сиёсати пулӣ Меъёри захираҳои ҳатмӣ 7% ва 9%-ро ташкил доданд. Меъёри бозтамвил бошад, аз 13,5% то 8,0% паст карда шуд. Бақияи умумии захираҳои тиллоию-асъорӣ дар соли гузашта ба 351,4 млн. долл. ШМА баробар шуданд, ки нисбат ба соли пешин 77% зиёд мебошад. 8. Пули нақд Пулҳои дар муомилотбуда 2052,4 млн. сомониро ташкил доданд, ки 2033,5 млн. сомонии он пулҳои коғазӣ ва 18,9 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар соли 2009 пулҳои ба муомилот баровардашуда 827,5 млн. сомониро ташкил намуданд. Дар соли сипаришуда аз тарафи БМТ ва бонкҳои тиҷоратӣ маблағи 319,8 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям аз муомилот гирифта шуданд. 9. Низоми бонкӣ Ташкилотҳои қарзӣ аз 136 адад: 13 бонк, 7 ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, 31 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 42 ташкилоти қарзии хурд, 43 фонди қарзии хурд иборат мебошанд. (Маълумоти фаврӣ) Дороиҳои умумӣ: 7421,3 млн. сомонӣ, афзоиш 20,3%; Ӯҳдадориҳои умумӣ: 6 179,4 млн. сомонӣ, афзоиш 21,6%; Сармояи тавозунӣ ба 1241,9 млн. сомонӣ баробар шуд, ки, афзоиши он 14,2%-ро нисбат ба соли 2008 ташкил медиҳад. 10. Амонатҳо Соли 2009 амонатҳо ба 2614,3 млн. сомонӣ баробар шуданд, ки афзоиши онҳо нисбат ба соли 2008 36,5%-ро ташкил медиҳад. Амонатҳои шахсони воқеӣ 1105,2 млн. сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба соли 2008 52,6% зиёд аст. Амонатҳо бо пули миллӣ ба 946,3 млн. сомонӣ баробар шуданд ва ҳамчунин нисбат ба соли қиёсӣ 35,9% афзуданд. Фоизи миёнавазни амонатҳои мӯҳлатдор (маълумоти фаврӣ) бо пули миллӣ 17,3% ва бо асъори хориҷӣ 16,5% зиёд шуданд. Нисбат ба соли 2008 фоизи миёнавазни амонатҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 1,0 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,7 банди фоизӣ афзуданд. 11. Қарзҳо Бақияи қарзи соли 2009 5328,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2008 9,6% зиёд аст. Афзоиши он бо пули миллӣ 6,4% ва бо асъори хориҷӣ 12,4%-ро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ 45,4% қарзҳо бо пули миллӣ ва 54,6% боқимонда бо асъори хориҷӣ дода шудаанд. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар соли 2009 4422,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2008 12,4% зиёд аст. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда дар давраи ҳисоботӣ ба 3954,7 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2008 67,7% зиёд мебошад. Ҳаҷми қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат 4824,7 млн. сомонӣ ва ҳаҷми қарзҳои дарозмӯҳлат 503,5 млн. сомониро ташкил доданд. Мӯҳлати миёнаи қарзҳо барои шахсони воқеӣ аз 348 то 359 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 263 то 355 рӯз расонида шуд. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 20,7% ва бо асъори хориҷӣ 19,3%-ро ташкил доданд. 12. Қарзҳои хурд Соли 2009 1626,0 млн. сомониро ташкил доданд ва нисбат ба соли 2008 2,2% (37,1 млн.сомонӣ) кам мебошад. Шумораи қарзҳои хурди додашуда 217 913 ададро ташкил доданд. 13. Низоми пардохт Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ ба 10743,3 ҳазор адад баробар шуд, ки нисбат ба соли 2008 27,7% зиёд аст. Ҳаҷми умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ 78758,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2008 3,8% афзудааст. Дар ҷумҳурӣ 7 адад бонкҳо-эмитентҳои кортҳои пластикӣ фаъолият мекунанд. 61210 адад кортҳои пластикӣ мавҷуд аст, афзоиш—24,1%; 60423 нафар - дорандагони кортҳои пластикӣ, афзоиш 30,3%; 170 адад банкоматҳо мавҷуд аст, афзоиш -37,1%; 147 адад терминали пешниҳоди пули нақд фаъолият доранд, афзоиш - 28,9%; 90 адад – терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, афзоишашон 30,4%-ро ташкил медиҳад. Хабарнигорони дохилию хориҷӣ тайи бештар аз як соат ба тамоми саволҳои худ ҷавобҳои пурра гирифтанд. Саволҳои кормандони васоити ахбори умум ҷанбаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, махсусан навигариҳо ва проблемаҳои низоми бонкӣ, сатҳи таваррум, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, хазинаи захираҳои ҳатмӣ, поён бурдани меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, саҳми бонк дар сохтмони НОБ-и “Роғун”, интиқоли маблағҳои муҳоҷирини меҳнатӣ, роҳҳои ҷалби амонатҳои аҳолӣ ба бонкҳо, ворид шудани бонкҳои хориҷӣ ё ҳиссагузории онҳо дар низоми бонкии ҷумҳурӣ, ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда ва сармоягузориҳои дохилию хориҷиро дар бар гирифтанд. Нишасти матбуотӣ танҳо баъди ҷавоб ба охирин суоли намояндагони васоити ахбори умум анҷом ёфт. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон