Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағйир боқӣ монд

Бойгонии ахбор
03.12.2009

Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ 2 декабри соли ҷорӣ тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна 4,3488-4,3686 сомониро ташкил дод. Дар баробари ин, қурбҳои рубли русӣ ва евро каме афзуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 10 рубли русӣ 1,4740-1,4870 сомонӣ ва 1 евро 6,4550-6,5000 сомониро ташкил намуданд.  Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 2-3 декабр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА бетағйир боқӣ монда, дар ҳудуди 4,35-4,36 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор гирифт. Қурби миёнаи рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, 1 евро ба 6,48-6,49 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,48-1,49 сомонӣ баробар шуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку