Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори асъор

Бойгонии ахбор
21.07.2009

Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори асъор

21 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, то ҳудуди 4,41 – 4,43 сомонӣ паст фаромад. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан 1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,17 сомонӣ барои 1 евроро ташкил дод.  Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА бетағйир монда ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,18 сомонӣ барои 1 евроро ташкил намуданд.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку