31.10.2008
Фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2008 баррасӣ гардид
23 октябри соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли 2008 ҷамъбаст гардиданд. Дар оғози сӯҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода дар назди рӯзноманигорон суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ афзоиши воқеии истеҳсолот, рушди мӯътадили иқтисодиёт ва беҳтаршавии вазъи макроиқтисодӣ идома ёфт. Қайд гардид, ки таъсири болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва омилҳои дигари хориҷӣ ва дохилӣ боиси афзудани сатҳи таваррум дар Тоҷикистон гардиданд. Новобаста аз ин, раванди рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ тамоили нисбатан мӯътадилро соҳиб гашт: 1. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) - нӯҳмоҳаи с.2008: 12 374,8 млн. сомонӣ, зиёдшавӣ 7,2%; - нӯҳмоҳаи с.2007: 8 929,3 млн. сомонӣ, зиёдшавӣ 7,1%; Нақшаи с.2008: 16 135,0 млн. сомонӣ, зиёдшавӣ 8,0%. 2. Таваррум Дар нӯҳ моҳи с.2008 ба 12,7% расид (0,7% дар моҳи сентябр); Дар нӯҳ моҳи с.2007 – 12,3% буд; - нархи маҳсулоти озуқаворӣ 14,5%; - маҳсулоти ғайриозуқа 4,4%; - хизматрасонии пулакӣ 21,2% (газ, қувваи барқ, чиптаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан); 3. Тавозуни савдо (нӯҳмоҳа) - Гардиши савдои хориҷӣ: 3 544,1 млн. долл. - Содирот: 1 146,8 млн. долл., афзоиш – 4,8% (алюминий, нахи пахта ва растанӣ); - Воридот: 2 397,3 млн. долл., афзоиш – 43,3% (маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона); - Касри тавозуни савдо: 1 250,5 млн. долл. (34,5% ММД), афзоиш 2,2 маротиба; Сабабҳои асосӣ: (нимсолаи аввал) а). болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ; б). татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар кишвар ба маблағи 659,1 млн. долл.; в). воридоти сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ 383,0 млн. долл.; г).сохтмони иншоотҳои нав: роҳҳои Душанбе – Чанак (182,8 млн. долл.), Душанбе – сарҳади Қирғизистон (25,0 млн. долл.), нақбҳо (Анзоб (38,4 млн. долл.), Шаҳристон, Шар-шар), хатҳои барқии Ҷануб-Шимол (116,3 млн. долл.), Лолазор-Хатлон (47,8 млн. долл.), НБО Сангтуда-1 (219,4 млн. долл.), меҳмонхонаҳо (46,4 млн. долл.ИМА). 4. Қурби пул (нӯҳмоҳа) нисбати доллари ИМА. с.2007: - қурби расмӣ 0,5% заиф шуд. с.2008: - қурби расмӣ 1,6% устувор гашт; - қурби харидорӣ 2,8% устувор гашт. 5. Ҳаҷми пул (ба 30 сентябри с. 2008) - Пулҳои захиравӣ: 1 634,5 млн. сомонӣ, афзоиш нисбат ба аввали сол 15,3% (216,2 млн. сомонӣ) ; - Ҳаҷми пулҳои нақд дар муомилот: 1 442,5 млн. сомонӣ, афзоиш нисбат ба аввали сол 30,0% (332,8 млн. сомонӣ) . 6. Сиёсати асъорӣ - кам кардани захираҳои ҳатмӣ аз 12% ба 9% - 11%; - долларизатсияи иқтисодиёт зиёда аз 70% (амонатҳо 33,7% бо пули миллӣ ва 66,3% бо асъори хориҷӣ, бе назардошти векселҳо); - меъёри бозтамвил 16,0 / 14,75 / 14,0; Ҳаҷми умумии захираҳои тиллою асъорӣ ба ҳолати 20 октябри соли ҷорӣ 179,0 млн. долл. ИМА ташкил медиҳад. - хариди асъори хориҷӣ ба санаи 20 октябри соли равон 191,0 млн. долл. ИМА. - хариди тилло ба миқдори 561,2 кг ($16,0 млн.); Дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон қарзҳои зерини беруниро пардохт намуд: $152,0 млн. - ба ҶСП “Казкоммертсбонк” $51,24 млн. - ба “Коммертсбонк АГ”, Олмон $40,0 млн. - ба “Дойче Бонк”, Олмон $15,1 млн. ба ХБА (мувофиқи нақша) 7. Низоми бонкӣ (ба ҳолати 31 августи с.2008) - ташкилотҳои қарзӣ 106 адад, аз ҷумла: 12 бонк, 7 ҷамъияти қарздиҳӣ, 1 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ, 11 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 34 ташкилоти қарзии хурд, 41 фонди қарзии хурд; - дороиҳои умумӣ: 6 298,0 млн. сомонӣ, афзоиш нисбат ба аввали сол—11,2 фоиз ; - ӯҳдадориҳои умумӣ: 5 407,0 млн. сомонӣ, афзоиш нисбат ба аввали сол—8,0 фоиз ; - сармояи тавозунӣ: 892,0 млн. сомонӣ, афзоиш нисбат ба аввали сол—35,2 фоиз ; 8. Амонатҳо (ба ҳолати 1 октябри с.2008) -Ҳаҷми бақияи умумӣ: 2 327,1 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 8,1% зиёд шуд (аз ҷумла, шахсони ҳуқуқӣ 60,8% ва шахсони воқеӣ 39,2%); Нисбат ба аввали сол амонатҳо бо пули миллӣ 17,0% афзуданд ва бо асъори хориҷӣ 8,4% кам шуданд; 9. Қарзҳо (маълумоти фаврӣ ба ҳолати 1 октябри с.2008) - бақияи умумии қарзҳо: 4 713,4 млн. сомонӣ, афзоиш нисбат ба аввали сол- 18,5% ; - 47,5% бо пули миллӣ ва 52,5% бо асъори хориҷӣ (дар с.2007 бо пули миллӣ 27,9% ва бо асъори хориҷӣ 72,1%), ки нисбат ба соли гузашта қарзҳо бо пули миллӣ 2,5 маротиба ва бо асъори хориҷӣ 8,4 фоиз зиёд шудаанд ; - ҳаҷми қарзҳои додашуда 2 395,4 млн. сомонӣ ; - ҳаҷми қарзҳои пардохтшуда 1 707,3 млн. сомонӣ; - мӯҳлати миёна аз 334 то 360 рӯз расид (нӯҳмоҳа); с.2007: - мӯҳлати миёна аз 345 то 322 рӯз расида буд (нӯҳмоҳа); - фоизи миёнавазни қарзҳо: 23,6% - бо пули миллӣ ва 23,47% - бо асъори хориҷӣ (дар с.2007 бо пули миллӣ 23,9% ва бо асъори хориҷӣ 23,2%); 10. Қарзҳои хурд (ба ҳолати 1 октябри с.2008) - ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 1 318,4 млн. сомонӣ, афзоиш нисбат ба соли гузашта 598,3 млн. сомонӣ ё 1,8 баробар; 11. Низоми пардохт (нӯҳмоҳа) - Шумораи умумии пардохтҳо 6 197,3 ҳазор адад; - Ҳаҷми умумии пардохтҳо 56 895,6 млн. сомонӣ; Ба ҳолати 1 октябри с.2008: 50 983 адад кортҳои пластикӣ, афзоиш 1,7 маротиба; 47 774 наф. дорандагони кортҳои пластикӣ; 110 адад банкоматҳо, афзоиш 28,8%; 104 адад терминалҳо дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд, афзоиш 15,6%; 64 адад терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, афзоиш 52,3%. Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки имрӯз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишварҳои дунё зарари калони молиявӣ расонида истодааст. Натиҷаҳои он тағйирёбии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, тағйирёбии қурби доллари ИМА, тағйирёбии намояи нархҳо дар биржаҳои молиявии ҷаҳон, муфлисшавии бонкҳо ва ширкатҳои хурду калони давлатҳои пешрафта мебошанд. Ҳукумати як қатор давлатҳо аллакай аз маблағҳои буҷетӣ барои бартараф сохтани мушкилоти пардохтпазирии бонкҳояшон, зиёда аз 2 трлн. долл. ИМА ҷудо намуданд. Аз он ҷумла, ИМА – 700 млрд. долл., Олмон – 500 млрд. Евро, Фаронса – 360 млрд. Евро, Нидерланд – 10 млрд. Евро, Швейтсария – 59,2 млрд. долл., Русия – 50 млрд. долл., Кореяи ҷанубӣ – 100 млрд. долл. ИМА. Инчунин Хазинаи байналмилалии асъор ба Украина – 14 млрд. долл. ИМА, Бонки марказии Аврупо ба Маҷористон - 5 млрд. Евро, Ҷумҳурии халқии Чин ба Покистон – 3-4 млрд. долл. ИМА ҷудо намуданд. Дар рафти нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори умум ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили ҳалли масъалаҳои қарзҳои соҳаи пахтакорӣ, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, паст кардани фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ, меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, захираҳои ҳатмӣ ва ғайра мароқ зоҳир намуданд. Дар фуроварди нишасти матбуот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба суолҳои хабарнигорон ҷавобҳои пурраю комил дод.